Як ҷавони тоҷик бо нашри наворе, ки худ либоси низомӣ дорад ва эҳтимол дар ҷанги Русия алайҳи Украина иштирок дорад, аз қарордод бастану ба ҷанг рафтанаш изҳори пушаймонӣ мекунад.
Навори ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ нашр шудааст. Ӯ дар навор бо чеҳраи хаста ва овози шикаста ба ҷавонони тоҷик муроҷиат мекунад ва онҳоро ба таҳсилу мондан дар Тоҷикистон даъват мекунад.
Ин ҷавон мегӯяд, ки бо қарордод ба ҷанг омадааст, аммо ҳоло пушаймон аст: “Ман хато кардам… Ҳолам бисёр бад аст, аз субҳ то шом гурусна ҳастам”. Ӯ таъкид мекунад, ки ҷавонон бояд дар фикри ҷанг набошанд, дониш биомӯзанд ва дар назди падару модарашон бошанд.
Ин навор дар ҳоле нашр мешавад, ки борҳо гузориш шудааст, зодагони Тоҷикистон дар ҷанг алайҳи Украина ширкат мекунанд. То кунун ҷасади чандин нафар ба Тоҷикистон интиқол ёфта, теъдоде ҳам дар дасти низомиёни Украина асир афтодаанд.
Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол ба таври расмӣ ин мавзуъро шарҳ надодаанд, аммо аз гуфтаҳои ин ҷавони тоҷик бармеояд, ки аксари шаҳрвандони тоҷике, ки дар ҳолати ӯ қарор доранд, аз кори кардаи худ пушаймон шудаанд ва ба дигарон ҳушдор медиҳанд, ки иштибоҳи онҳоро такрор накунанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия соли 2022 ба хоки Украина ҳамла кард ва ҷанги густардаеро оғоз намуд, ки то имрӯз идома дорад. Тибқи оморҳои расмие, ки мақомоти Украина нашр карданд, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби Русия дар ин ҷанг ширкат кардаанд, ки то кунун даҳҳо нафар кушта шудаанд.
