33.9 C
Dushanbe

Пешгӯйи як муҳаққиқи Ҳоландӣ дар бораи заминларзаи Туркия

Пешгӯйии як муҳаққиқи Ҳоландӣ дар бораи заминларзаи имрӯзаи Туркия, ки дар натиҷа кишварҳои ҳамсояи он ва ҳатто Мисрро низ такон дод, то рафт доғтар мешавад.

3-юми феврали соли 2023, муҳаққиқи Ҳоландӣ Франк Ҳугербетс (Frank Hoogerbeets) дар саҳифаи твиттериаш ҳушдор дода буд: “Дер ё зуд дар ин минтақа (Маркази Туркия, Урдун, Сурия, Лубнон) заминларзае ба бузурии 7,5 дараҷа ба миқёси ҷадвали Рихтер рух хоҳад дод.

Аммо се рӯз пас аз нашри ин ҳушдори Франк субҳи имрӯз 6-уми феврали соли ҷорӣ Туркия шоҳиди заминларзаи шадиде ба қавли маркази заминларзашиносии Амрико ба бузургии 7,8 балл буд, ки дар натиҷа кишварҳои ҳамсояи он, Сурияву Ироқ, Лубнону Юнон, Ироқ ва ҳатто Сурияро низ такон дод.

Аммо баъд аз ин заминҷунбии шадиди Туркия имрӯз пешгӯйи ин муҳаққиқи Ҳоландӣ ба вокунишҳои мухталифе рӯбарӯ шуд, кор то ҷое расида, баъзеҳо табиӣ будани ин ҳодисаро зери суол қарор додаанд ва мегӯянд, ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки ҳодисаи заминларзаи имрӯза як кори сунъӣ бошад ва бархе инсонҳо дар он даст дошта бошанд.

Гуфта мешавад, тибқи охирин оморҳо дар бораи ин ҳодиса дар Туркия ва Сурия дасти кам 1504 нафар кушта шуда, теъдоди осебдидагон низ беш аз 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Инчунин омори талафоти ҷонӣ байни инсонҳо ва ҳайвонот дар ҳоли афзоиш аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.