Пешниҳоди ҷорӣ намудани виза байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

Сергей Миронов, раҳбари Ҳизби “Справедливая Россия” ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Думаи давлатӣ пешниҳод намуд, ки Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон низоми визаро бояд ҷорӣ кунад.

‌Ин вакили Думаи Русия муҳоҷирони кориро сабабгори афзоиши ҷинояткории қавмӣ медонад ва ба назари ӯ муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвараш қарор доранд, ҳар як шаҳрванди Русияро нигарон кардааст. Ҳамчунин ӯ қайд карда, ки иқдоми ҷорӣ кардани низоми раводид барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои муҳоҷирон ба шаҳрвандони Русия зарур аст.

‌‌Ҳамзамон вакилони парлумони Русия мехоҳанд ба Кодекси ҷиноии ин кишвар тағйирот ворид намоянд. Аз ҷумла барои латукӯби гурӯҳӣ, ҳатто агар ҷабрдида ҳеҷ ҷароҳати ҷисмонӣ ҳам набинад ва танҳо тарсидани ӯ кофист, ки ҳамлагар муҷрим дониста шавад ва барои чунин ҳамлаварон то панҷ соли зиндон пешниҳод хоҳад шуд.

‌‌Ин бори аввал нест, ки дар Русия даъватҳо барои ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ садо медиҳанд. Дар ин мавзуъ гоҳ-гоҳ сиёсатмадорони гуногуни рус изҳорот медиҳанд.

‌‌Тарафдорони ҷорӣ шудани низоми раводид аз он шикоят мекунанд, ки муҳоҷирон бозори кори Русияро ишғол намуда, афзоиши ҷиноятҳоро ба вуҷуд меоранд.

‌‌Раҳбарияти Русия то ҳол чунин изҳорот ва талаботро ҷиддӣ қабул намекунанд ва хуб мефаҳманд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Русия кор мекунанд, на танҳо ба оилаи худ, балки ба буҷаи Русия даромади калон меоранд.

‌‌Матбуот инчунин борҳо таъкид кардааст, ки на ҳар рус розӣ мешавад, ҷои муҳоҷири меҳнатиро ба ивази маоше, ки корфармоён пардохт мекунанд, ишғол кунад ва дар сурати набудани муҳоҷирон дар бисёре аз бахшҳо камбуди шадиди коргарон ба вуҷуд меояд, чунон ки дар соҳаи сохтмон дар давраи пандемия ба вуҷуд омада буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шиддати гармо Аврупо: Олмон ва Фаронса ба сокинон ҳушдор доданд

Кишварҳои Аврупо рӯзҳои охир бо яке аз шадидтарин мавҷҳои гармо дар солҳои охир рӯбарӯ шудаанд.

Боздошти зодаи Тоҷикистон дар Амрико

Мақомоти муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳида як ҷавони 28-солаи тоҷикро бо гумони будубоши ғайриқонунӣ дар ин кишвар боздошт кардаанд.

Пас аз шаш сол: ҳаракати қатори Душанбе–Маскав дубора оғоз шуд

Пас аз шаш соли таваққуф, ҳаракати қатори мусофирбари Душанбе–Москва дубора барқарор гардид. Аввалин қатор рӯзи 21-уми июн ба роҳ баромад.

Шиканҷа дар Тоҷикистон – дарди бедавои ҳукумат

Чанд рӯз қабл аз фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳимоят...