4.9 C
Dushanbe

Писари ректор ба 3 сол зиндон маҳкум шуд, гумонбари дигар чӣ?

Писари ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ки сабабгори ҳалокати овозхони ҷавон Некрӯз Ниёзов гардид ба 3 сол зиндон маҳкум шуд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҳукм нисбати Комёб Файзулло охирҳои моҳи октябр содир гашта, ӯ тибқи моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон шудааст) гунаҳкор дониста шуд.

То ҳол вакили дифоъи Комёб ҳукми додгоҳро шарҳ надодааст, аммо падараш Машраб Файзулло, ректори Донишгоҳи славянӣ гуфтааст, мошине, ки садама кард, аз ӯ буд, на аз писараш ва шаби ҳодиса писараш мошинро гирифта, куҷое рафтанӣ буд.

Инчунин, Машраб Файзулло дар суҳбат бо Радиои Озодӣ таъкид кардааст, ки “аз аввал тақозо кардаанд, ки ҳама чиз дар доираи қонун баррасӣ шавад. Ин хел фалокат метавонад ба сари ҳар кас биёяд, ҳеч кас аз ин чизҳо дар амон нест. Писарам аввал дар боздоштгоҳи ВКД буд, баъд ба СИЗО гузаронданд. Барояш хӯрок мебарем, аммо вонахӯрдем. Ман дар мурофиа ширкат накардаам”.

Дар ҳамин ҳол пайвандони Некрӯз Ниёзов низ гуфтаанд, дар мурофиа ширкат надоштанд, “чун фарзандашонро дигар баргардонда наметавонанд.”

Машраб Файзулло ба наздикони Некрӯз Ниёзов изҳори ҳамдардӣ кардааст, вале нагуфтааст, ки аз болои қарори додгоҳ шикоят мебарад ё на.

Ёдовар мешавем, ки шаби 21-уми сентябр соатҳои 22:30 дар наздикии тарабхонаи “Боми Ҷаҳон”-и шаҳри Душанбе ду мошини гаронарзиши “Lexus RX350” бо ҳам бархӯрда, Некрӯз Ниёзовро, ки дар канори роҳ меистод, пахш кардаанд.  

Пайвандони овозхони ҷавон он замон гуфта буданд, ки Некрӯз дар пайи зарбаи сахти мошин ба ҷӯйбори канори роҳ афтида, асосан аз сараш захм бардоштааст. Ӯро ронандаи таксӣ ба беморхона овард ва субҳи 22-юми сентябр овозхон дар Беморхонаи “Қарияи боло” даргузашт ва ҷасади ӯро дар деҳаи Возми ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба хок супурданд.

Хабари ҳалокати ин овозхони шинохта ва ҷавон сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда буд ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот хоста буданд, ки сабабгорони ҳалокати ӯ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Яке аз ронандагон, ки Комёб Файзуллои 18-сола, писари ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Машраб Файзулло мебошад, ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Аммо нафари дуввум, ки аз ӯ Аҳтамзода Оятулло Хушбахт ном бурда мешавад, маълум нест, ки писари кӣ аст ва оё касе аз пайвандонаш дар мақомҳои баланди ҳукуматӣ кор мекунанд ё на. Инчунин ҷое гуфта нашудааст, ки ӯро ба ҷавобгарӣ кашиданд ё на?

Гуфта мешавад, Комёб ва Оятулло ҳарду донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буда, дар гурӯҳҳои ҷудогонаи як курс таҳсил мекунанд ва вақти пурсиш гуноҳро ба дӯши ҳамдигар вогузор кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба Тоҷикистон наомад

Ҳамлагари шинохтаи пуртуғолӣ ва бозигари бошгоҳи "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ Криштиану Роналду ба Душанбе наомад. 

Арабистон $100 миллион ба Тоҷикикстон қарз медиҳад

Фонди Саудии Рушд барои идомаи сохтмони тарҳи Нергуҳои барқи...

Вокунишҳо ба шиканҷаи навраси ноболиғе дар Душанбе

Сабти навори шиканҷаи навраси ноболиғе дар шаҳри Душанбе мавҷи вокунишҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст, вале мақомот то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистон

Масоили ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.