32.9 C
Dushanbe

Пизишкиён президенти нави Эрон интихоб шуд

Дар даври дуюми интихоботи президентии Ҷумҳурии исломии Эрон Масъуд Пизишкиён нуҳумин президенти мунтахаби ин кишвар эълон шуд.

Саид Ҷалилӣ ва Масъуд Пизишкиён дар даври дуюми интихобти президентӣ, ки рӯзи 5-уми июл баргузор шуд, бо ҳам рақобат карданд. Комиссияи марказии интихоботи Эрон эълом кард, ки дар ин давраи интихоботи президентӣ 30 миллиону 530 ҳазору 157 нафар овоздиҳанда ширкат карданд, ки Пизишкиён бо касби беш аз 16 миллион овозҳо, ки зиёда аз 53 дарсади овозҳоро ташкил медиҳад, президенти мунтахаби давлати нуҳуми Эрон гашт.

Ба иттилои Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар, ба Саид Ҷалилӣ 13 миллиону 538 ҳазору 179 нафар ё 44 дарсади мардум овоз додаанд. Ҳамчунин дар ин марҳила беш аз 500 ҳазор раъйи ботил сабт шудааст.

Пизишкиён дар интихоботи президентии қаблӣ, ки Иброҳим Раисӣ баранда шуда буд, низ номзадияшро бешбарӣ кард, вале аз ҷониби Шӯрои нигаҳбони Эрон номзадияш таъйид нашуд. Аммо ин бор пас аз марги Раисӣ номзадии ӯ пазируфта шуд.

Ӯ дар давлати Муҳаммад Хотамӣ вазири беҳдошти Эрон буд, аммо то оғози интихоботи президентӣ чандин давра дар курсии вакили парлумони ин кишвар нишастааст.

Дар ин интихоботи президентии зудҳангом, ки дар пайи марги Иброҳим Раисӣ баргузор шуд, чеҳраҳои матраҳи ин кишвар, аз ҷумла раиси парлумони Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф, ки аз муҳофизакорон аст, ширкат кард. Ба гумони аксари коршиносон ӯ шонси зиёди пирӯз шуданро дошт, вале Қолибоф дар марҳилаи якум шикаст хӯрд ва ҳатто ба марҳилаи баъдӣ роҳ наёфт.

Пизишкиёнро пас аз президент интихоб шуданаш аксар раҳбарони кишварҳои дунё табрик гуфтанд. Аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 32 сол боз президенти як кишвар аст ва дар ҳеч интихоботе шикаст нахӯрдааст, бо ирсоли номаи табрикотӣ ӯро барои пирӯзияш шодбош гуфт.

“Пирӯзии Шумо дар интихобот, қабл аз ҳама, нишони эътимоди ҷомеаи Эрон ба барномаву ниятҳои созандаи Шумо ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Эрон аст.”, омадааст дар номаи Эмомалӣ ба Пизишкиён.

Ҳамчунин дар ин номаи табрикотӣ таъкид мешавад, ки Тоҷикистон алоқаманд ба “густариши беш аз пеши ҳамкории дуҷониба бар пояи усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва эътимоду эътиқоди холисона ба якдигар” аст ва “идомаи муколамаи сатҳи олиро василаи муҳимми пешбурди ин раванд ва посухгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистону Эрон” донистааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кумаки 141 миллионии ИА ба Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо эълон кардааст, ки зиёда аз 140 миллион евро ба Тоҷикистон кумак мекунад.

Рушди беш аз 8%-и иқтисоди Тоҷикистон

Гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар 16 моҳи ахир беш аз 8% тавсеа ёфтааст.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

Мақомоти боломақоми Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҳамкориҳои дирӯз ва имрӯзи худ гуфтугӯ карданд.

Шикояти мардум аз беобӣ дар Тоҷикистон

Бархе сокинони шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон мегӯянд, ки чор моҳ боз мардум аз беобӣ азият мекашанд ва касе дар вилоят ба доди онҳо намерасад.