Покистону Тоҷикистон тасмим доранд ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ густариш диҳанд. Дар ин бора расонаи “DailyIndependent” рӯзи 2-юми апрел хабар дод.
Тибқи гузоришҳо, ин масъала зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Покистон Шарифзода Юсуф Тоир бо вазири федералии ҳуқуқ ва адлияи Покистон Азам Нозир Таррор дар шаҳри Исломобод баррасӣ шудааст.
Дар ҷараёни дидор ҷонибҳо ба таҳкими равобити ду кишвар, ки бар пояи муштаракоти таърихӣ ва фарҳангӣ бунёд ёфтаанд, таъкид карда, зарурати тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои ҳуқуқӣ ва идориро муҳим арзёбӣ намуданд.
Меҳвари асосии музокирот омодасозии як тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои ҳуқуқии ду кишвар будааст. Ин санад ба рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои мубодилаи таҷриба, тақвияти робитаҳо ва паванддиҳии амиқи ниҳодҳои қазоӣ, табодули қозиҳо ва мутахассисон, баргузории омӯзишҳои тахассусӣ ва истифодаи таҷрибаҳои пешрафта дар соҳаҳое мисли ҳуқуқи тиҷоратӣ ва ҳалли мунозираҳо равона шудааст.
Ба гуфтаи ҷонибҳо, густариши чунин ҳамкорӣ метавонад дастрасӣ ба адолатро беҳтар намуда, самаранокии ниҳодҳои ҳуқуқиро афзоиш диҳад. Ҳамчунин, он ба таҳкими эътимоди сармоягузорон ба шаффофият ва пешгӯишавандагии низоми ҳуқуқӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар поёни мулоқот, Тоҷикистону Покистон омодагии худро барои ниҳоӣ кардани санад ва имзои наздики он изҳор дошта, ба идомаи ҳамоҳангии зич дар ин самт таъкид карданд.
