21.9 C
Dushanbe

Президент барои даъвати сарбозон фармон дод. “Облава” оғоз мешавад

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3-уми сентябр фармон дар бораи даъвати сарбозон дар мавсими тирамоҳиро содир кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президент хабар дод.

Тибқи ин фармони нави Эмомалӣ Раҳмон, даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола барои адои хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз аввали моҳи сентябр оғоз шуда, то охири моҳи ноябр идома пайдо мекунад.

Дар фармони мазкур омада, ки “моҳҳои октябр-ноябри соли 2022 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд, барои хидмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, даъват карда шаванд.

Ҳамчунин бо фаромни Эмомалӣ он сарбозоне, ки муҳлати муайяншудаи хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро ба анҷом расондаанд, ба рухсатии эҳтиётӣ фиристода мешаванд.

Дар ин фармон Эмомалӣ Раҳмон ба расиони шаҳру ноҳияҳо дастур дода, ки барои ҷалби ҷавонон ба артиш бо комиссариатҳои ҳарбӣ ҳамкорӣ кунанд. Ва ҳамзамон аз Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор б оҷавонон ва Кумитаи телевизион ва радиои кишвар хоста шуда, ки ин мавсими даъвати сарбозон ба артишро тарғиби васеъ кунанд.

Ҳамасола бо судури фармони Президент дар бораи даъвати сарбозон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, мушкилоти ҷавонон ва хонаводаҳои онҳо даҳчанд мешавад. Маъумрони комиссариатҳои ҳарбии кишвар ҷавононро дар кӯчаву бозор ва ҳатто аз назди донишгоҳу донишкадаҳо боздошт ва зӯран тариқи “Облава” ба артиш мебаранд.

Дар ҳар мавсим аз рафти ин “сарбозшикор” даҳҳо навор дар шабакаҳои иҷтомоӣ роҳ меёбад, ки дар онҳо дида мешавад, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ бо масъулони дигар ниҳодҳои давлатӣ ошкоро дар рӯзи равшан ба қонуншиканиҳои дағалона роҳ медиҳанд, аммо солҳост касе пеши роҳи ин ҷиноятҳо ва амалҳои ғайриқонунии мақомотро намегирад.

Моҳи июли соли ҷорӣ барои пешгирӣ аз роҳ ёфтани наворҳои “Облава” ба интернет, Вазорати дифоъи Тоҷикистон тарҳеро ба парлумони кишвар пешниҳод кард ва барои нашркунандагон ҷазо ҳам пешниҳод шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба хотири дашноми пулис зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Қурғани Русия як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро барои "дашном" ва "зӯроварӣ нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ" маҳкум ба зиндон кард.

Ваҳдат ё ваҳшат?

Маросими таҷлил аз 28-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.