28.9 C
Dushanbe

Пулҷамъкунӣ “ихтиёрӣ” буд ё “маҷбурӣ”? Вокуниши Шуъбаи маорифи Ёвон ба матлаби Azda.tv

Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон ҷамъоварии иҷбории маблағ аз хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №9 ва №10-и ин ноҳияро рад кард.

Ин ниҳод 19-уми майи соли ҷорӣ дар саҳфаи фейсбукияш ба гузориши Azda.tv, ки дар ин бора нашр шуда буд, вокуниш карда, масъалаи ҷамъоварии маблағро дар муассисаҳои мазкур “ихтиёрӣ” номидааст.

Дар баёнияи расмии ин ниҳод гуфта мешавад, ки масъалаи мазкур мавриди “омӯзиш ва баррасии ҳамаҷониба” қарор гирифта, маълум гардида, ки ҷамъоварии маблағ барои таъмири мактабҳои №9 ва №10 “ихтиёрӣ ва дар асоси хоҳиш ва ризоияти ихтиёрии волидон” будааст.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон иддао карда, ки дар ноҳияи Ёвон ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо кумитаҳои падару модарон, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва муҳоҷирони корӣ ба роҳ монда шуда, танҳо дар соли 2025-2026 дар назди 5 муассисаи таълимӣ 39 синфхонаи иловагӣ барои 1 950 нафар хонанда сохта шудаааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ҳоло дар назди 12 муассисаи таълимии ноҳия сохтмони биноҳои дуошёна идома дошта, онҳо барои зиёда аз 8 ҳазор хонанда пешбинӣ шудаанд.

Ба иддаои Шуъбаи маориф, омӯзгорон ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқи маҷбур кардани волидонро надоранд ва дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои маҷбуркунии шаҳрвандон барои пардохти маблағ, нисбат ба масъулон чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Ҳамзамон муаллимаи яке аз ин матабҳо бо номи Сафияҷон Саидзода дар зери баёнияи ин ниҳод навиштааст, ки “бале дуруст қайд кардед ҳаргуна овозаи дуруғро нашр накунед”. Ва баръакси гуфтаҳои Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон, ки ҷамъоварии маблағ барои таъмири мактабҳои №9 ва №10-ро “ихтиёрӣ ва дар асоси хоҳиш ва ризоияти ихтиёрии волидон” номидааст, ҳар гуна маҷлис ва маблағҷамъкуниро рад намудааст.

Бояд гуфт, ин бори аввал аст, ки яке аз шуъбаҳои Вазорати маорифи кишвар пулҷамъкунӣ дар мактабҳоро рад накарда, онро “ихтиёрӣ ва дар асоси хоҳиш ва ризоияти ихтиёрии волидон” номидааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Azda.tv бо такя ба гуфтаҳои чанд сокини ноҳияи Ёвон хабар дода буд, ки директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №9 ва №10 аз волидон барои таъмири мактаб маблағ талаб кардаанд.

Ба гуфтаи манобеи Azda.tv, аз волидон барои ҳар хонанда аз 20 то 50 сомонӣ талаб шуда, директорон ин иқдомро ба “фармони боло” аз ҷумла, ба фармони муовини раиси ноҳияи Ёвон Саёҳат Абдуллозода рабт дода буданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки пас аз нашри ҳар шикояте дар мавриди ҷамъоварии маблағ дар муассисаҳои таълимӣ, даҳҳо нафар аз шаҳру навоҳии гуногуни кишвар дар зери гузоришҳои Azda.tv бо зикри номи ноҳияву рақами мактабҳояшон ин амалро тасдиқ мекунанд. Бар асоси навиштаи шарҳнависон ва корбарон, дар бархе мактабҳои ҷумҳурӣ аз волидони хонандагон ҳатто то 150-200 сомонӣ ҳам маҷбурӣ талаб мекунанд.

Агарчи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин корро манъ карда аст, вале масъулони мактабҳо аз ин кор даст кашиданӣ нестанд. Ба гуфтаи манобеи Azda.tv, масъулони муассисаҳои таълимӣ ин амали худро ба “хайрхоҳӣ”-и волидон ва соҳибкорон рабт дода, ғайриқонунӣ аз хонандагон маблағ ҷамъоварӣ мекунанд.

Қаблан шикоятҳои зиёде аз мактабҳои гуногуни Тоҷикистон ба унвонии Azda.tv ворид шуда буд ва ҳоло ҳам ин раванд идома дорад. Шикояти асосии шаҳрвнадон аз пулҷамъкуниҳои бемавриди масъулони мактабҳо мебошад. Аксар волидон аз ин шароит ба танг омадаанд ва мепурсанд, ки пеши ин беқонуниро кӣ бояд гирад?

Шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ вазифадоранд пеши роҳи ин беқонуниро бигиранд, на ин ки кори ғайриқонунии директорони мактабҳоро ҷомаи қонунӣ пӯшонанд ва онро бо гуфтани “ихтиёрӣ” ва “хайрхоҳӣ” тавҷеҳ кунанд. Барои дарки воқеият, беҳтар мебуд, ки масъулони шуъбаҳои маориф ё дигар ниҳодҳои марбута бо бархе волидон ва омӯзгорон аз наздик суҳбат кунанд, ё ҳаддиақал шарҳҳои корбаронро дар зери гузоришҳои Azda.tv бихонанд.

Бархе омӯзгорони мактабҳо пештар дар тамосҳои катбӣ ба Azda.tv зимни тасдиқи ин падида изҳор дошта буданд, ки худи онҳоро низ масъулони болотари мактабҳо маҷбур мекунанд, дар ҷамъоварии маблағ талабаҳоро маҷбур кунанд ва ҳатто аз худашон ҳам бо баҳонаҳои гуногун пул мегиранд ва баъзе маҷбур шудаанд касби омӯзгорияшонро тарк кунанд ва ба дигар корҳои оддӣ гузаранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Масъулони обуҳавошиносӣ аз боришот ва ҷорӣ шудани селҳо ҳушдор медиҳанд!

Дар қисми зиёди ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз имрӯз то 25-уми май бо сабаби бориши зиёд омадани сел пешгӯйӣ шудааст. 

Рӯзи баргузории Иди Қурбон дар Тоҷикистон маълум шуд

Имсол дар Тоҷикистон иди саиди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мегардад. Ба ин муносибат сокинони кишвар як рӯз истироҳат хоҳанд кард.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро пас аз 90 сол ба Душанбе оварданд

Хоки Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммадро аз оромгоҳи Донскойи шаҳри Маскави Русия ба Тоҷикистон оварданд.

Кушта ва захмӣ шудани чанд нафар дар пайи ҳамла ба масҷиде дар Амрико

Дар пайи як ҳамлаи мусаллаҳона ба як масҷид дар шаҳри Сан-Диегои иёлати Калифорнияи Амрико се нафар кушта шуданд.