26.9 C
Dushanbe

Путин ба Тоҷикистон рафтанист

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки қарор аст рӯзҳои наздик Президенти Русия бо сафари расмӣ ба Душанбе биояд.

Акс аз манбаъҳои боз

5-уми сентябри соли 2022 Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки Сироҷиддин Муҳриддин бо Сергей Лаврой “масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии дарпешистодаи Президенти Федератсияи Русия В.Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.”

Ба қавли манбаъ, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия дар Маскав “тавофуқ” карданд, ки “ҳамоҳангсозии вазоратҳои хориҷа пас аз анҷоми мутобиқкунии бастаи асноди дуҷониба, ки мавриди баррасӣ қарор доранд, идома ёбад.”

Бори охир Президенти Русия дар моҳи июли соли ҷорӣ бо анҷоми як сафари корӣ вориди Душанбе гардида буд, ки Презединети Тоҷикистон барои якшаба меҳмондорӣ кардани ӯ тоннаҳо меву сабзиҷотро ба намоиш гузошта буд.

Гуфта мешавад, пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳои зиёде алайҳи Кремлин Влдамири Путин нахустини сафари хориҷии худро ба Тоҷикистон анҷом дода, сипас ба Туркманистон рафта буд.

Эҳтимол меравад, сафари навбатӣ ва қарибулвуқуи Президенти Русия ба Тоҷикистон дар даҳаи аввали моҳи оянда баргузор шавад, зеро Эмомалӣ Раҳмону Владимир Путин яке баъд аз дигар дар рӯзҳои 5 ва 6-уми октябр зодрӯз доранд ва ба баҳонаи ин “сафари расмӣ” онҳо зодрӯзҳои худро ҳам якҷоя ҷашн хоҳанд гирифт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.