Рӯзи баргузории Иди Қурбон дар Тоҷикистон маълум шуд

Имсол дар Тоҷикистон Иди саиди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мегардад. Ба ин муносибат сокинони кишвар як рӯз истироҳат хоҳанд кард.

Дар ин бора Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, субҳи имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҷаласа баргузор намуда, дар асоси мушоҳидаи моҳ ва хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳо рӯзи дақиқи фарорасии идро муайян кардааст.

Ба иттилои манбаъ, тибқи қарори қабулшуда, Иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми май таҷлил шуда, намози ид дар тамоми масҷидҳои кишвар соати 6:00-и субҳ баргузор мешавад.

Пештар Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон низ изҳор дошта буд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ имсол Иди Қурбон ба 27-уми май рост меояд.

Ҳамчунин, Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон эълон кардааст, ки ба муносибати Иди Қурбон шаҳрвандон як рӯз истироҳат мекунанд ва рӯзи баъд аз ид рӯзи корӣ хоҳад буд.

Иди Қурбон яке аз муҳимтарин идҳои мусулмонон ба ҳисоб меравад ва ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷа таҷлил мешавад. Дар ин рӯз мусалмонон намози ид хонда, шахсони доро тибқи аҳкоми шариат қурбонӣ анҷом медиҳанд. Гӯшти қурбонӣ миёни хонавода, хешовандон ва ниёзмандон тақсим карда мешавад.

Дар Тоҷикистон низ сокинон баъд аз намози ид ба аёдати наздикон рафта, барои гузаштагон дуову фотеҳа мехонанд. Яке аз суннатҳои муҳими ин ид кумак ба оилаҳои ниёзманд ва дастгирии ятимону камбизоатон мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...