Раҳмон ба Сеул рафт: Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи Корея ба Осиёи Марказӣ чӣ ба даст меорад?

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15-уми сентябр барои иштирок дар нахустин ҳамоиши сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ ба Сеул сафар кард.

Бино ба гузориши расонаҳои куриёӣ, саммити нахустини “Кореяи Ҷанубӣ–Осиёи Марказӣ” 16-уми сентябр дар Сеул баргузор мешавад. Дар он раҳбарони кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ширкат мекунанд. Пеш аз ҳамоиш президенти Корея Ли Ҷэ Мён бо раҳбарони кишварҳои минтақа мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.

Тибқи иттилои мақомоти Корея, саммит ба густариши тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика, маъданҳои муҳим ва ташкили занҷирҳои нави таъминот равона шудааст. 14-уми сентябр низ нахустин ҷаласаи вазирони саноати Корея ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ баргузор шуда, ҷонибҳо барои ҳамкории бештар дар соҳаи саноат ва коркарди ашёи хом мувофиқа карданд.

Ба назари коршиносон, барои Тоҷикистон ин ҳамкорӣ метавонад имкони ҷалби сармоя ва технологияҳои Корея ба соҳаҳои саноат, истихроҷу коркарди маъдан, энергетика, инфрасохтор ва иқтисоди рақамӣ бошад. Аммо то замони имзои созишномаҳои мушаххас ва оғози лоиҳаҳои воқеӣ, танҳо иштироки Душанбе дар саммитро наметавон дастоварди иқтисодӣ номид.

Дар ҳамин замина, таҷрибаи Узбекистон нишон медиҳад, ки рақобат барои ҷалби сармояи Корея дар минтақа аллакай оғоз шудааст. Тошканд рӯзи 14-уми сентябр бо Сеул 13 созишнома ва ёддошти ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои маъданҳои муҳим, нақлиёт ва технология имзо кард.

Ба назари таҳлилгарон, натиҷа ва дастоварди асосии ин сафар барои Тоҷикистон он хоҳад буд, ки Душанбе то чи ҳад метавонад аз таваҷҷуҳи афзояндаи Сеул ба захираҳо ва бозори Осиёи Марказӣ бо тарҳи лоиҳаҳои мушаххас сармоя ва технологияи муосир ҷалб кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кушта шудани 35 нафар дар ҳамлаи Русия ба автобусҳо дар Украина

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Русия ба ду автобуси мусофирбар дар шаҳри Краматорски вилояти Донетск даҳҳо нафар куштааст.

“Ҷумъаи хунин”: ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба мактабҳои Лаҳистон ва боздошти беш аз 10 нафар

Пас аз ду ҳамла дар муассисаҳои таълимии вилояти Мазовияи Лаҳистон (Полша) дар миёни хонандагон ва волидон овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав бо номи “ҷумъаи хунин” паҳн шудаанд.

Тоҷикистон ва ИМА таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд

Тоҷикистон бо намояндагони Амрико дар Душанбе масъалаи таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ мекунад.

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.