15.9 C
Dushanbe

Раиси Ҳизби сотсиалистиро ҳам аз вазифа барканор кардан мехоҳанд

Мақомоти болоии Ҳибзи сотсиалистии Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар Анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб раис ва муовинонаш аз мансаб барканор хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои хабаргузории Азия-Плюс, 23-уми июли соли 2024 Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.

Ба қавли манбаъ, собиқ номзад ба мақоми президентӣ Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон хабари барканор шуданаши худро дар ин Анҷуман тасдиқ кардааст.

Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки ду моҳ пеш аз ин гурӯҳе аз дохили Ҳизби демократи Тоҷикистон бо баргузории як анҷуман собиқ раиси ин ҳизбро аз вазифа барканор карда буданд. Сайҷаъфар Усмонзода, раиси пешини демократҳои Тоҷикистон он Анҷуманро “ғайриқонунӣ” номида буд. Аммо, касе дар Вазорати адлия гапи ӯро гӯш накард. Сипас Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ ӯро бо иттиҳоми қасди табаддулоти давлатӣ боздошт ва зиндонӣ кард.

Гуфта мешавад, Абдуҳалим Ғаффорови 73-сола дар се давра, соли 2006, 2013 ва 2020 номзад ба мақоми президентӣ аз аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон буд. Аксар коршиносон, сиёсатмадорон ва фаъолони мадании тоҷик Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон бо раҳбарии Абдуҳалим Ғаффоровро як ҳизби “кисагӣ”-и ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон медонанд. Аммо ҳоло, ин суол хеле аз коршиносони тоҷикро беқарор кардааст, ки чӣ сарнавиште пас аз барканор аз мақоми раисӣ ӯро интизор хоҳад буд?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

75 тонна кумаки башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 75 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар фиристод.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси порлумони Қирғизистон

Гурӯҳе аз намояндагони парлумони Қирғизистон ба Тоҷикистон сафар карда, бо намояндагони парлумони кишвар ва Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карданд.

Тоҷикистону Русия масъалаи муҳоҷиронро дар Сочи баррасӣ карданд

Дар нишасте миёни намояндагони Тоҷикистону Русия пешниҳод шуд, ки муҳоҷирони тоҷик пеш аз сафар ба Русия аввал аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Даҳ сол пас аз боздошти раҳбарони ҲНИТ: Нигарониҳо, паёмадҳо ва умедҳо

Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҲНИТ аз ҷониби мақомот ва маъмурони Эмомалӣ Раҳмон боздошт гаштанд.