33.9 C
Dushanbe

Раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон сабабҳои гароншавии маводи ғизоиро шарҳ дод

Сурат: ПрессаТҶ

Раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҳоким Холиқзода дар бораи сабабҳои болоравии нархи маводи ғизоӣ, ки боиси нигаронии сокинон шудааст, ибрози назар кард.

Бино ба навиштаи “Авеста” Холиқзода дар нишасти ахири парлумон гуфта, ки ҳадафи асосии БМТ дар ин давра нигоҳ доштани сатҳи мӯътадили нархҳои дохилӣ дар доираи ваколатҳои худ тавассути истифодаи механизмҳои сиёсати пулию қарзӣ барои пешгирии фишори омилҳои пулӣ ба нархҳо мебошад.

Ҳоким Холиқзода ба вакилон гуфт, ки болоравии нархи маводи ниёзи аввал аз моҳҳои март, апрел ва октябри соли равон оғоз ёфт.

Вай афзуд, ки нархи ғизо дар ин давра 5,6% боло рафт. Ба рӯйхати маҳсулоти хӯрокаи гароншуда асосан орд, биринҷ, шакар, равған, картошка, пиёз ва ғайра дохил мешаванд. Холиқзода болоравии нархҳоро ба омилҳои гуногун рабт дод, аз ҷумла, ба назари ӯ авзоъи беруна пас аз хуруҷи коронавирус, маҳдудиятҳо дар ҳамлу нақл, коҳиш ёфтани таъминоти баъзе намудҳои хӯроквории асосӣ ва инчунин шойиоти беасос дар мавриди бемории коронавирус ва ғайра аз омилҳои гароншавии маҳсулот дар Тоҷикистон мебошад.

Аммо ба гуфтаи соҳибкорон, сабаби якбора болоравии нархҳо коҳиши қурби сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ мебошад, ки тавассути он воридот амалӣ мешавад.

Дар моҳҳои охир сокинон аз болоравии шадиди нархи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки даромадашон дар давраи пандемия коҳиш ёфт ва илова бар он нархи маҳсулот хеле боло рафт, ки зиндагиро барояшон душвор кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.