26.9 C
Dushanbe

Раисӣ Раҳмонро ба Эрон даъват кард

Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистону Эрон дар як суҳбати телефонӣ мавзӯъҳоеро, ки дар нишасти Созмони ҳамкориҳои исломӣ матраҳ хоҳанд кард, баррасӣ кардаанд. Ин нишаст имрӯз, 22-юми март дар Исломобод, пойтахти Покистон баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷаи Эрон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар ин суҳбат аз номи раисиҷумҳури кишвараш Иброҳим Раисӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба Эрон даъват кардааст. Қаблан ҷониби Эрон, Раҳмонро ба Теҳрон даъват карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта пайваста ба Эрон сафар мекард, аммо дар давраи раёсатҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ аз соли 2013 то 2021 Раҳмон боре ҳам ба Эрон сафар накардааст.

Тира шудани муносибатҳои Тоҷикистону Эрон аз зиндонӣ шудани Бобаки Занҷонӣ шурӯъ шуда буд, аммо бо бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин муносибатҳо тиратар гашт.

Пас аз шаш соли таниш, равобити Душанбеву Теҳрон дубора гарм шуд. Моҳи сентябри соли гузашта раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ барои ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонхой вориди Душанбе шуда ва гуфта буд, ки ин “оғози як саҳифаи нав дар равобити ду кишвар аст”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.