Раҳоии 80 зиндонии хатарноки Толибон дар Афғонистон

Акс аз сомонаи www.outlookindia.com

Дафтари Шӯрои амнияти миллии Афғонистон бо нашри як изҳорот имруз 14 август эълом кард, ки 80 зиндонии хатарноки Толибон аз зиндони Пули Чархии Кобул тибқи Созишномаи Луяи Ҷаргаи сулҳ ва бо дастури раисҷумҳури ин кишвар Ашраф Ғанӣ озод карда шуданд.

Дафтари Шӯрои амнияти миллии Афғонистон гуфт, маҳбусони раҳошуда қасам хӯрдаанд, ки зиндагии осоиштаро интихоб мекунанд ва бар зидди мардуми афғон ҷанг нахоҳанд кард.

Ба гуфтаи ин ниҳод, барои расидан ба сулҳу осоиштагии доимӣ ва пойдор зарур аст, ки тарафҳои дигар низ мутобиқи тавофуқоти ҳосилшуда масъулиятҳои худро иҷро кунанд ва аз ин фурсати пешомада дуруст истифода барданд.

Ҳукумати Афғонистон изҳор дошт, ки маҳбусон бо мақсади эҷоди ҳусни тафоҳум ва эътимод ба музокирот бо Гурӯҳи Толибон раҳо мешаванд ва бо озод шудани 400 маҳбуси дигари Толибон баҳонаи ин гурӯҳ дар таъхири оғози музокироти сулҳи байниафғонӣ бартараф хоҳад шуд.

Дар навбати худ Гурӯҳи Толибон низ ваъда додаанд, ки пас аз озод шудани аъзоёни гурӯҳ гуфтугӯи мустақим бо ҳукумати Афғонистонро оғоз мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки чандест дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо ташаббуси Амрико ва қувваҳои минтақа бо ҳадафи таъмини сулҳ раванди музокироти байни Толибон ва ҳукумати ин кишвар идома дорад. Яке аз шартҳои асосии Толибон барои ризоият ба идомаи музокирот ин раҳоии зиндониёни ин гурӯҳ буд, ки айни ҳол бо дастури Ашраф Ғанӣ иддае аз онҳо раҳо шуд ва ҳаминтавр қарор аст 400 тан аъзоёни Толибон аз зиндонҳои Афғонистон раҳо шаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Навори баҳси сокини маҳаллӣ бо ду муҳоҷири тоҷик дар Аврупо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки гуфта мешавад...

Интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз Русия ҳанӯз оғоз нашудааст

Раванди интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз зиндонҳои Русия...

Муовини раисҷумҳури ИМА Исроилро ба талоши тӯлонӣ кардани ҷанг бо Эрон муттаҳам кард

Муовини раисҷумҳури ИМА Ҷей Дӣ Вэнс изҳор дошт, ки...

Додгоҳи Австрия дархости истирдоди Шавкати Муҳаммадро баррасӣ мекунад

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Вена қарор аст рӯзи 5 август...