Режими Раҳмонов фишор болои дигарандешонро сахттар кардааст

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) бо нашри гузорише аз идомаи саркӯби озодии баён ва боздошти фаъолону мухолифин, рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Дар гузориши ин созмон, ки рӯзи 16-уми январ нашр шудааст, гуфта мешавад, дар соли 2024 Суҳроби Зафар, раҳбари зиндонии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ва Насимҷон Шарифов, узви ин ҳаракат дар Туркия нопадид шуда, баъдан дар Тоҷикистон якумӣ ба 30 ва дигарӣ ба 20 соли зиндон маҳкум гардида, мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.

Ҳамзамон ДҲБ аз истирдоди фаъоли мухолифин Дилмурод Эргашев, ки моҳи ноябри соли гузашта аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд, ёдовар шуда мегӯяд, Эргашев дарҳол пас аз истирдодаш боздошт ва бо қарори додгоҳ ба ҳабси пешакӣ фиристода шуд.

Дар соли 2024 иддае аз ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва нависандагон боздошт ва равонаи зиндон гардиданд. Аз ҷумла? Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва ҳуқуқшинос бо иттиҳоми “хиёнат” боздошт шуд ва мурофиаи додгоҳии ӯ идома дорад.

Инчунин дар моҳи феврали соли ҷорӣ ҳукми нависандаҳо Абдуқоддири Рустам, Абдухалил Холиқзода ва ношир Сeҳроб Раҷабзода содир шуда буд.

Дар моҳи августи соли 2024 Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи мустақили “Пайк” боздошт шуд ва дар моҳи январи соли 2025 ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳукми ӯ дар ҳолест, ки чандин рӯзноманигори дигар солҳо боз дар зиндон қарор доранд.

Ҳамзамон дар гузориши ДҲБ гуфта мешавад, ки то ҳол узви аъзаои баландпояи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки ҳукумат онҳоро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардааст, бо вуҷуди талаби озодии беқайду шарти онҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва ҳатто СММ ҳоло ҳам дар зиндон қарор доранд. Дар миёни онҳо Зубайдулло Розиқи 80-сола низ ҳаст, ки моҳи август ба иллати бемории қалб дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Созмони ДҲБ мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон барои тафтиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани саркӯби маргбори эътирозҳои осоишта дар солҳои 2021 ва 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) кореро анҷом надодааст ва зодагони ВМКБ то ҳол зери таъқибу фишори мақомот қарор доранд. Танҳо дар моҳи августи соли ҷорӣ 7 сокини ҷамоати Язгуломи ин вилоят бо иттиҳоми иртибот бо “Ансоруллоҳ” боздошт шуданд.

Хабарнигори шинохтаи зодаи ин вилоят Анора Саркорова бо иттиҳоми “даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ” мавриди пайгард қарор дорад.

Ин созмони ҳуқуқӣ аз риоя нашудани ҳуқуқи занон, назорати либоси сокинон ва тарошидани риши мардон дар Тоҷикистон мақомотро интиқод кардааст.

Дар охири гузориши солонааш ДҲБ аз бештар шудани фишор болои муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ихроҷи иҷбории онҳо ва маҷбурӣ фиристодани онҳо ба ҷанг бо Украина низ ёдовар шудааст.

Ин бори аввал нест, ки режими имрӯзаи Тоҷикистон барои саркӯби озодии баён ва риоя накардани ҳуқуқи башар мавриди интиқод қарор мегирад. Аммо мақомоти кишвар ҳамеша чунин гузоришҳоро нодида гирифта, сол ба сол вазъият дар Тоҷикистон бадтар мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ду шаҳрванди Тоҷикистон барои убури ғайриқонунии марзи Русия маҳкум шуданд

Додгоҳе дар шаҳри Новотроитски вилояти Оренбурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои убури ғайриқонунии марзи ин кишвар ба ҳабси хонагӣ маҳкум кардааст.

Қарор: Дарси тарбияи ҷисмонӣ барои коргарон ҷорӣ мешавад

Аз ин пас тамоми корфармоён дар Тоҷикистон вазифадор хоҳанд буд, ки барои кормандони худ ҳар рӯз на камтар аз 20 дақиқа машқҳои баданӣ ташкил намоянд.

Дар пайи ҳамлаи паҳподии Украина ба Маскав чанд тоҷири тоҷик зарар диданд

Дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба вилояти Маскав чанд корхонаи коркарди нафт оташ гирифта, бозори бузурги "Садовод", ки макони кори ҳазорон муҳоҷир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон аст, осеб дидааст.

Шикояти зани маъюб: Хонаамро гирфтанд ва худамро террорист эълон карданд

Холматова Гулчеҳра, зани маъюби 58-сола иддао дорад, ки мақомоти додситонии кишвар ба ноҳақ зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро дар ҷустҷӯ қарор додаанд.