13.9 C
Dushanbe

Роғун: Азхудкунии зиёда аз 2,5 миллион сомонӣ дар 3 боғча

Оҷонсии зиди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ки як тафтиши онҳо дар шаҳри Роғун муайян карда, ки дар се боғча беш аз 2,5 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон “тафтишу санҷишҳои молиявии Агентӣ барои солҳои 2021-2022 филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Роғун мавриди санҷиши молиявӣ қарор дода шуд.”

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин тафтишу “санҷишҳои мутақобила дар Муассисаҳои боғчаи бачагонаи №1, №20 ва №21 шаҳри Роғун муайян карда шуд, ки аз ҳисоби фонди музди меҳнати кормандон зиёда аз 2,5 млн сомонӣ тассаруф карда шудааст.”

Оҷонсии зидди фасоди кишвар мегӯяд, пас аз ошкор шудани тасарруфоти ғайриқонунӣ дар буҷети давлатӣ аз ҷониби масъулони боғчаҳои мазкур, санадҳои лозима тартиб дода шуда, ба сохторҳои дахлдори Оҷонсӣ пешниҳод гардидааст.

Аммо Оҷонсӣ ном ва ё мансаби он нафароне, ки ба дуздии буҷети давлатӣ даст задаанд, зикр накардааст. Ҳамчунин маълум нест чанд нафар барои азхудкунии маблағи буҷет боздошт шудааст.

Дар ҳамин ҳол ба назари бархе коршиносон, азхудкунии пули буҷети давлатӣ аз ҷониби масъулон ва кормандони молиявии идораву вазоратҳо дар Тоҷикистон ба як амри маъмулӣ табдил шудааст. Агар Оҷонсии зидди фасод боздошт кард, дар дохил боз онҳо метавонанд бо пардохти пули бештар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ худро озод кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.