13.9 C
Dushanbe

Роҳбари “Умед-88” мурд ё кушта шуд?

Марги раиси зиндонии ширкати “Умед-88” ин сарусадоҳоро доман задааст, ки ӯ бо аҷали худ даргузашт ва ё кушта гардид. Вақте ӯро дар соли 2017 барои 28 сол маҳкум ба зиндон карданд, огаҳони авзоъ ишора ба Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмон мекарданд, ки фармоишгари асосии ин ҳукм ӯст.

Айни ҳамин ишора ва иттиҳом ба самти Шамсулло Соҳибов дар замони террори шаҳид Умаралӣ Қувватов дар Туркия ҳам баланд шуда буд. Вале дар ин миён Рустам Набиев, писари Раҳмон Набиев, собиқ раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки саривақтии хатар тавонист, ки ҷони худро наҷот бидиҳад ва рӯи раҳи фармоишгар сабз нашавад.

Агарчанде ҳамин Рустам Набиев буд, ки “Газпром”-ро ба Тоҷикистон оварда бозори маводди сӯхтро таъмин мекард. Вай, ба намояндагӣ аз ин ширкати бузург ин тиҷорати пурдаромад дар Тоҷикистонро ба гардиш дароварда, чуноне модари марҳумаш солҳо пеш дар як суҳбати матбуотиаш тазаккур медиҳад “қасди ворид шудан ба сиёсатро дошт”, бо дарёфти аввалин “месенҷ”-ҳушдорҳои таҳдидомез на танҳо тиҷораташро дар Тоҷикистон раҳо кард, балки худаш низ ҷилои ватан намуд ва феълан дар Русия аст.

Гап дар инҷост, ки Ризо Турсунов, собиқи раиси КГБ-и Тоҷикистон дар замони Раҳмон Набиев, ки баъди тарки вазифа дар яке аз муассисаҳои тавлиди нафти Русия мақоми баландеро соҳиб шуда буд, Рустамро дар ин тиҷорат мусоидат кард ва Рустам ҳам онро ба Тоҷикистон овард. Аммо Раҳмон ва Шамсулло Соҳибови домодаш ӯро тавре фишр оварданду таҳдидҳо карданд, ки ҳам аз бозори маводи сӯхт берун бишавад ва ҳам аз Тоҷикистон ва саҳнаи сиёсии он.

Аммо, чуноне бармеояд, барои Раҷабалӣ Одинаев ва Умаралӣ Қувватов нақша таври дигар кашида шуда буд, ки ҷону ҷисмашон қурбон ва тиҷоратҳои бо хуни ҷигар сохта ва фаъол кардаашон имрӯзҳо коми Шамсулло Соҳибовро ширин мекунанд.

Фарқи ҳодисаи марги Раҷабалӣ Одинаев аз террори Умаралӣ Қувватов дар он аст, ки шаҳид Умаралиро ошкоро тир зада ҷонашро гирифтанд. Аммо Одинаевро аввал зиндон кардаву (барои 28 сол) молу мулкашро мусодира намуда, дар маҳбас дар ҳолати наздик ба марг расонида сипас дар бемористон тавре “табобат” карданд, ки дигар натавонист аз ҷо бархезад. Тоҷире, ки тӯли 20 сол дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон фаъолияти назаррас дошт ва беш аз 70 нуқтаи замонавии фурӯши маводди сӯхт – автозаправкаҳоро дар саросари кишвар ташкил ва ба кор андохта буд, бо ҳазору як ҳасрату хориву зиллат ҷон ба ҳақ таслим кард.

Дастури боздошти марҳум Раҷабалӣ Одинаевро дар як ҷаласаи ҳукумат дар моҳи октябри соли 2017 худи Раҳмон содир карда буд. Зеро дар он ҷаласа Раҳмон ӯро ошкоро интиқод кард ва билодиранг ӯро Оҷонси мубориза бо фасод дастгир ва барои барнагардондани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони неругоҳи “Роғун”, ки Вазорати молияи Тоҷикистон ҳамчун қарз ба ширкати ӯ дода буд, айбдор кард. Сипас дар парвандаи ӯ барои онки муҳлати ҷазо бештар шавад “дуздии моликияти давлатӣ” ва “исрофкорӣ” изофа шуд.

Аммо воқеият чизи дигар буд. Воқеият ин буд, ки Шамсулло Соҳибов ва Эмомалӣ Раҳмон  ҳузури ӯро дар бозори маводи сӯхт таҳаммул накарданд ва василае меҷустанд, ки ӯро аз ин бозор дур андозанд. Дар ҳоле, ки равнақу ривоҷи кори “Умед-88” -ро тамоми мардум мушоҳида мекард. Ва ширкати “Умед -88” он вақтҳо ба яке аз се ширкати калони воридкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон табдил шуда бо “Газпром”-и Русия ва ширкати “Фароз” рақобат мекард.

Ҳанӯз дар ҳамон вақти овардани мушкил бар сари ин ширкат огаҳони авзоъ рақобат бо “Фароз”-ро далели асосии ба маҳкама кашидани вай медонистанд. Азбаски “Фароз” наметавонист бо “Газпром”-монополисти асосии бозори маводди сӯхт дар Тоҷикистон зӯрозмоӣ ва онро аз ин соҳа бадар созад, аммо чун бо “Умед-88” метавонист ин корро роҳат анҷом диҳад, ҳамин тавр ҳам кард ва тибқи қонунҳои  ҷангал луқма ва ҳаққи даҳони ӯро кашида гирифт.

Ба касе пӯшида нест, ки Шамсулло Соҳибов дар ғасби рейдерии тиҷоратҳо дар Тоҷикистон гурги борондида шудааст ва даҳҳо нафар тоҷир ба маҳзи аз контрол хориҷ гардидани нафси бетаги ӯ ҳоло дар кунҷи зиндон ҳастанд.

Айбе, ки болои раиси “Умед -88” бор карданд ин буд, ки маблағи қарзи гирифтааш аз Вазорати молияро саривақт барнагардонд. То онҷо ки аз номаҳои раиси ин ширкат аз зиндон маълум шуда буд вай ин маблағ ва фоизҳои онро саривақт пардохт карда ва тамоми уҳдадориҳояш барои неругоҳи Роғунро ҳам иҷро мекард.

Муҳимтар аз ин ҳама ҳоло замон барои пардохти қарзи гирифтааш, ҳадди ақал як соли дигар боқӣ буд. Вале агар ин тарҳ ва ё нақшаи аз қабл омодашуда барои забун гардонидани “Умед-88” намебуд ва то худи Эмомалӣ Раҳмон дар пушти он қарор намедошт, имкон надошт, ки ин миқдори пули калонро Вазорати молия ба як ширкати ғайридавлатӣ қарз бидиҳад. Ҳамагон хуб медонанд, ки Раҳмон барои вусъат ва тавсиаи тиҷорати домоду духтараш борҳо ба амалҳои ғайриқонунӣ даст задааст, ки яке аз намунаҳои он ҳамин холӣ кардани арса аз рақибон ва ғасби тиҷоратҳои ба роҳ монда аст.

Раиси ширкати “Умед-88” яке аз спонсорҳои хонаводаи Раҳмон ва дӯсти наздики Рустаму Таҳминаву Озода буд. Мусаллам аст, ки ҳамин алоқа ва “доданҳо” ва “грет” карданҳои Раҷабалӣ Одинаве буд, ки чунин шароити шики тиҷорат барояш фароҳам карданд. Аммо дар ин миён нафси Шамсулло бештар калон шудан мегирифт ва чуноне гуфтем ҳама рақибони сари роҳашро, ки имкони шикасту ғасбашонро дошт мебардошт ва якнима мекард.

Барои ҳамин Абдусалом Қурбонов, зодаи ноҳияи Данғара ва вазири ҳамон вақти молияи Тоҷикистон ин 171 миллион сомонии бюҷетро бидуни розигии Эмомалӣ Раҳмон ба “Умед-88” дода наметавонист. Ин пулро доданду бар сари ӯ балоро гардон карданд. Айни ҳамин корро феълан бо Муродалӣ Алимардон, раиси Агроинвестбонк ва Тоҷиддин Пиров, раиси Тоҷиксодиротбонк карда истодаанд. Яъне аз ҳисоби пули бюҷет гӯиё барои кумак ба ин бонкҳо чанд миллиардсомонӣ дода ва ҳоло онҳоро бе ресмон бастаанд. Онҳо ҳам пулро бояд бигардонанд ва ҳам дақиқ, ки молумулки худро арзон-арзон мефрушанд ва баъид аст, ки дигар ба низоми бонкӣ шомил шаванд, чун ин низом ҳам ба монополияи хонаводаи Раҳмон мубаддал шуд.

Ширкати “Умед-88” як ширкати хусусӣ аст ва агар ки пул эҳтиёҷ дошт амсоли дигар ширкату корхона ва муассисаҳои ғайридавлатӣ аз бонкҳо ва ё ташкилоти қарзӣ дарёфт мекунад. Аммо чӣ гуна ва чаро маҳз ин ширкат тавонист, ки аз Вазорати молияи Тоҷикистон 170 миллион сомонӣ қарз дарёфт кунад ва он ҳам пуле, ки аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои Роғун  дар тавозуни ин ниҳоди  давлатӣ нигоҳ дошта шудааст.

Ҳадафи зиндонсозии раиси “Умед-88” ин буд, ки тиҷорати дар ҳоли рушду ривоҷи ӯро ғасб кунанд, ки карданд. Ва инки ӯро дар беморхона куштанд ва ё то ба ҳолати марг расонидан ҳам идомаи анҷоми ҳамин мақсад аст то дигар бо итминон дар пешонӣ ва равоқи заправкаҳои “Умед-88” тоблуҳои “Фароз”-ро насб кунанд. Вагарна, Одинаев аз зиндон гуфт, ки раҳо кунед мебарояду дороиҳояш, аз ҷумла ҳамон 70 истгоҳи фурӯши маводи сӯхтро фурӯхта медиҳад. Аммо розӣ нашуданд. Чун ҳадаф ҳамин 70 автозаправка ва низ ҳиссаи ин ширкат дар бозор буд, ки мебоист онро тасоҳуб мекарданд.

Сабаби асосии қатли Умаралӣ Қувватов ҳам ҳамин тиҷорати фаровардаҳои нафтӣ аст. Вай ки молики асосии “Фароз” буд, ин ширкатро то ба сатҳи як ширкати пурдаромад боло бурд. Аммо Шамсулло калонтар шуду гуфт, ӯ дигар “худкифо” аст ва ин ширкат моли ӯст. Рақобати Умаралӣ Қувватов асосан бар сари ҳамин тиҷорати бензин буд, ки ба маҳзи Умаралӣ роҳи Қирғизистон ва низ масири Афғонистонро таҳти контрол гирифта буданд. Барои Умаралӣ моҳонаи 20.000 долларӣ пешбинӣ карданд, аммо рад намуд ва даст ба муборизаи сиёсӣ зад, вале Шамсулло киллер заказ карда ӯро кушт. Танҳо барои нафси бетагаш одамро кушт.

Бо ин ҳол ин дуввумин ҳодисаи марги метавон гуфт маҷбурӣ ва ғайритабиии тоҷирони маводди сӯхт дар Тоҷикистон аст. Бозори маводди сӯхт, ки онро дар Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов, раиси ширкати “Фароз” ва яке аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмон дар тасарруфи худ гирифта ва омодааст барои дарёфти даромадҳои бештар ҷони инсонҳоро қурбонӣ гирад ва дар масоили милливу давлатӣ назири баҳси марзӣ бо Қирғизистон соя афканад.

Мо саддарсад итминон дода наметавонем, ки раиси ширкати “Умед-88” кушта гардид ва ё бо марги табиӣ аз дунё рафт, вале дар урфият мегӯянд, ки “то шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад”…

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.