21.5 C
Dushanbe

Рухшона Ҳакимоваро аз СИЗО ба зиндон бурданд

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 22-уми апрел Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори 31-сола ва модари ду фарзанди хурдсолро аз СИЗО-и Душанбе ба зиндони занона дар шаҳри Норак интиқол дод.

Ин рӯзноманигори тоҷик, ки моҳи июли соли гузашта аз тарафи мақомоти амниятии кишвар боздошт шуда буд, то дирӯз дар СИЗО-и Душанбе нигаҳдорӣ мешуд.

Яке аз наздикони ӯ ба “Азия-плюс” гуфта, ки ҳангоми хӯрок бурдан ба боздоштгоҳи муваққатие, ки Ҳакимова онҷо қарор дошт, хӯрокро аз ӯ напазируфта, гуфтанд, ки ӯро аз инҷо бурдаанд.

Ба гуфтаи пайвандони ин рӯзноманигор, бештар аз ду моҳ мешавад, ки Рухшонаро надиаанд ва умедворанд, ки дар зиндон бо ӯ мулоқот намоянд. Пайвандонаш ҳанӯз ба бегуноҳии ӯ пофишорӣ карда, хоҳони иҷрои адолат дар бораи Рухшона ҳастанд.

Пештар расонаҳо гузориш дода буданд, ки мақомот тақрибан 230 ҳазор сомонии Ҳакимоваро, ки ӯ ва шавҳараш якҷоя барои хариди манзил ҷамъоварӣ карда буданд, дар ҷарёни мусодира амволи муттаҳамони қазияи “табодулоти давлатӣ” мусодира карданд.

Гуфта мешавад, ҳаммаи маҳкумшудагони парвандаи “табодулоти давлатӣ” тайи рӯзҳои оянда ба зиндон интиқол меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигор ва модари ду кӯдаки хурдсол Рухшона Ҳакимова 16-уми июли соли 2024 дар назди манзилаш дар Душанбе аз ҷониби мақомот боздошт ва 12 соат бе дастрасӣ ба вакили дифоъ нигоҳ дошта шуда буд. Мақомот ҳангоми набудани Ҳакимова дар манзилаш кофтуков гузаронида, таҷҳизот, шиноснома ва кортҳои бонкии ӯро мусодира кардаанд. Ӯ ба хотири доштани фарзанди ширхора то замони содир шудани ҳукм дар ҳабси хонагӣ буд.

Дертар Додгоҳи олии Тоҷикистон 5-уми феврали соли ҷорӣ пушти дарҳои баста Рухшона Ҳакимоваро бо иттиҳоми сохтаи “хиёнат ба давлат” ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Таъқиби ин рӯзноманигори тоҷикро ба таҳқиқоташ дар бораи нуфузи Чин дар Тоҷикистон ва чанд мусоҳибаҳо, аз ҷумла бо Саидҷаъфар Усмонзода, вакили собиқи парлумон ва амакаш Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси шинохта, ки ҳоло ҳарду дар доираи парвандаи “табадулот” барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гаштаанд, рабт медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Истирдоди зодагони Язгулом аз Русия ва боздошти онҳо дар Тоҷикистон

Пулиси Русия чаҳор сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро охири моҳи апрели соли ҷорӣ боздошт ва ба Душанбе истирдод кардаанд.

Дар Душанбе шавҳар зани худро бо корд зад

Бо сабаби даргирии хонаводагӣ як мард дар Душанбе ҳамсари худро бо чанд зарби корд захмӣ кардааст.

СММ хостори озодии рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова шуд

Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон озодии рӯзноманигори зиндонӣ Рухшона Ҳакимоваро талаб кард.

Меҳмони набераи Президентро дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доданд

Мақомоти Русия блогери озаритабори 30-сола Ҳусейн Ҳасановро барои шустушӯи пул ва напардохтани андоз дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ додаанд.