33.9 C
Dushanbe

Русия фаолияти ҲНИТ-ро дар ҳудуди ин кишвар манъ кард

Суди олии федеролии Русия фаолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳудуди ин кишварро мамнуъ элон кард.

Бино ба иттилои “Рапсинюс“, “Додгоҳи Олии Федератсияи Русия даъвои Додситонии кулли ин кишварро дар бораи ба ҳайси созмони террористӣ эътироф кардани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро қонеъ карда, фаъолияти онро дар қаламрави Русия мамнӯъ эълон кард.”

Тоҷикистон аз соли 2015 ба сӯ талош дошт, ки фаъолияти ҲНИТ дар тамоми қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ мамнӯъ эълон карда шавад ва мунтаҳо ду моҳи пеш ҳангоми сафари прокурори генералии Русия ба Тоҷикистон ин масъала аз нав матраҳ гардида, ҷониби Русия қавл дода буд, ки фаолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мамнуъ эълон хоҳанд кард.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон то ҳол дар ин бора расман вокунише аз худ нишон надодааст, вале қабл аз ин борҳо ҳамагуна иттиҳомоти марбут ба созмони террористӣ шинохтани ин ҳизбро беасос номида буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.