35.9 C
Dushanbe

Русия: Қодиров аз қудрат рафтанист

Рамзан Қодиров, Президенти Чеченистон бо нашри як навори видеоӣ гуфтааст, ки пас аз 15 соли раҳбарӣ “обрӯмандона” қасди рафтан дорад.

3-юми сентябри соли 2022, Рамзан Қодиров, раҳбари Чеченистон бо нашри як навори видеоӣ аз наздик шудани замони тарки қудрат карданаш хабар дод.

Раҳбари Чеченистон дар ин навори худ бо истифода аз як зарбулмасали қафқозиҳо мегӯяд, ки “меҳмон ҳар чӣ қадр азиз бошад, гар сари вақт биравад, ҳамон қадр роҳаттар аст”, ба ин хотир вай ҳам пеш аз он ки ӯро аз мансаб биронанд, худаш рафтанист.

Дар он навор раҳбари Чеченистон бо зарҳханд таъкид мекунад, ки “вақти рафтани ман ҳам фаро расидааст, бояд пеш аз он ки маро аз қудрат бирононанд, биравам. Ман пир шудаам, замоне ҷавон будам, хеле кор кардам.”

Аз сӯи дигар, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин дар вокуниш ба ин изҳори назари Қадиров ба “Тасс” гуфтааст, ки “ин паёмҳо ҳанӯз амалӣ нашудаанд ва Рамзан Қадиров раҳбарии Чеченистонро идома медиҳад.”

Гуфта мешавад, Рамзан Қадиров, пас аз марги падараш замоне раҳбарии Чеченистонро бо ҳимояти Кремлин ба даст гирифт, ки ҷавон буд ва ҳамагӣ 31 сол умр дошт. Аммо акнун 46-солаасту 11 фарзанд, 4 писару 7 духтар дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мишустин аз густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон гуфт

Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш...

Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.