Русия интиқоли дизелро ба Тоҷикистон афзоиш дод

Моҳи августи соли 2026 Русия ба Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол додааст.

Сомонаи “Neftegaz” навиштааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба як моҳи қаблӣ 3,5 баробар зиёд буда, моҳи июл ҳаҷми интиқол тақрибан 16 ҳазор тоннаро ташкил медод.

Афзоиши якбораи интиқоли сӯзишвории дизелӣ дар пасманзари камбуди он дар Тоҷикистон дар тобистон сурат гирифт. Дар ин давра дар бархе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе сӯзишвории дизелӣ тамоман мавҷуд набуд ва дар баъзе нуқтаҳои дигар фурӯши он маҳдуд шуда, ба ҳар мошин на бештар аз 20 литр дода мешуд.

Ҳамчунин то охири моҳи июл нархи як литр дизел дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба 17–18 сомонӣ расида, то 31-уми август нархи миёнаи як литр дизел дар Душанбе тақрибан 16,5 сомонӣ ва дар баъзе нуқтаҳо тақрибан 16 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Ҳамин тавр, нархи дизел дар муқоиса бо қимати баландтарини моҳи июл каме коҳиш ёфтааст, аммо он ҳанӯз тақрибан 50 дарсад гаронтар аз аввали моҳи июн, ки он вақт як литр дизел тақрибан 11 сомонӣ арзиш дошт, боқӣ мондааст.

Бояд гуфт, Тоҷикистон аз бозори Русия барои таъмини худ бо маҳсулоти нафтӣ вобастагии зиёд дорад. Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2026 ҷумҳурӣ 599,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст, ки аз ин ҳаҷм 91,1 дарсад аз Русия ворид шудааст.

Афзоиши содирот ба тадриҷан барқарор шудани истеҳсоли сӯзишвории дизелӣ дар Русия рабт дода мешавад. Ҳаҷми истеҳсол тақрибан ба 170 ҳазор тонна дар як шабонарӯз расидааст, аммо ин, ҳанӯз барои пурра барқарор кардани интиқол ба бозорҳои хориҷӣ кофӣ нест.

Моҳи август Русия дар маҷмӯъ ба Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулистон беш аз 370 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол додааст, ки ин нисбат ба ҳаҷми интиқол дар моҳи июл беш аз ду баробар зиёд мебошад.

Бузургтарин харидор Муғулистон буда, тақрибан 215 ҳазор тонна дар муқобили 124 ҳазор тонна дар моҳи июл ворид кардааст. Интиқоли сӯзишворӣ ба Қирғизистон аз 4,4 ҳазор тонна дар моҳи июл то беш аз 72 ҳазор тонна дар моҳи август афзоиш ёфтааст.

Қазоқистон, ки моҳи июл аз Русия сӯзишвории дизелӣ ворид накарда буд, моҳи август тақрибан 28 ҳазор тонна дизел гирифтааст.

Русия қаблан барои пешгирӣ аз болоравии нархҳо дар дохили кишвар ва пешгирӣ аз камбуди сӯзишворӣ содироти дизелиро маҳдуд карда буд. Барои як қатор кишварҳо, аз ҷумла ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ва Муғулистон, тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ истисноҳо амал мекунанд.

Дар моҳҳои январ–августи соли 2026 Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тақрибан 2,5 миллион тонна сӯзишвории дизелӣ содир кардааст. Дар ҳамин давраи соли 2025 ин нишондиҳанда тақрибан 2,6 миллион тоннаро ташкил медод.

Дар пасманзари ҳамлаҳо ба корхонаҳои коркарди нафт, мушкилоти марбут ба сӯзишворӣ дар дохили Русия низ ба вуҷуд омада, дар як қатор минтақаҳо нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ фурӯши бензин ва сӯзишвории дизелиро маҳдуд карданд ва барои ҳар як нафар миқдори муайяне фурухта мешавад.

Моҳи сентябр чанд корхонаи бузурги коркарди нафт пас аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина истеҳсолотро коҳиш дода ё фаъолияти худро қатъ карданд. Тибқи маълумоти Reuters, ин корхонаҳо дар маҷмӯъ тақрибан нисфи истеҳсоли сӯзишвории дизелии Русияро таъмин мекунанд. Рӯзи 20 сентябр пас аз ҳамла фаъолияти корхонаи коркарди нафт Маскав низ қатъ карда шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Ашт нерӯгоҳи офтобӣ ифтитоҳ шуд. Лимити барқ аз байн меравад?

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд рӯзи 21-уми сентябри соли 2026 бо иштироки раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт ба истифода дода шуд.

БРО ба Тоҷикистон $43 млн грант медиҳад: Ин маблағҳо куҷо сарф мешаванд?

Бонки Рушди Осиёӣ (БРО) тасдиқ кард, ки барои ислоҳоти бахши тандурустӣ ва тақвияти бехатарии тиббӣ ба Тоҷикистон 43,27 миллион доллар грант ҷудо мекунад.

Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонад маълумоти бонкии муҳоҷиронро тафтиш кунад

Акнун Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонанд мустақлиона ва бо қарор додгоҳ фаъолиятҳои молии муҳоҷиронро тафтиш кунанд.

Кабирӣ рафт, кӣ омад?

Интихоби раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд.Имрӯз, 19-уми...