Русия қоидаҳои муоинаи тиббии муҳоҷиронро сахттар кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ кард, ки муҳлати гузаштани муоинаи ҳатмии тиббиро барои муҳоҷирон пас аз ворид шудан ба хоки ин кишвар кам мекунад.

Тибқи қоидаҳои нав, ки он аз 1-уми сентябри соли 2026 ба кор медарояд, муҳоҷирон бояд 30 рӯз аз лаҳзаи вуруд ба ҳудуди Русия аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Аммо тибқи қоидаҳои амалкунанда, шаҳрвандони хориҷӣ бояд дар давоми 90 рӯз пас аз убури марз аз муоинаи тиббӣ гузашта, дар ҷисмашон мавҷуд набудани бемориҳои сироятии хатарнокро тасдиқ кунанд. Бе натиҷаҳои ин санҷиш гирифтани иҷозатномаи кор ё патент имконнопазир аст.

Қоидаҳои нав ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ аз ҷониби қонунгузорон ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шуда буд.

Гуфта мешавад, қоидаҳои нав ҳамаи хориҷиёнеро, ки ба Русия ворид мешаванд, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ, шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва паноҳҷӯёнро фаро мегиранд. Хароҷоти ташхиси тиббиро худи шаҳрвандони хориҷӣ ё корфармоёни онҳо мепӯшонанд.

Муассисаҳои тиббии ваколатдор вазифадоранд маълумот дар бораи вазъи саломатии муҳоҷиронро фавран ба Вазорати корҳои дохилии Русия ирсол намоянд ва дар ҳолати ошкор шудани бемориҳои сироятӣ — ба Роспотребнадзор хабар диҳанд.

Бар асоси ин қонун, барои сарпечӣ аз гузаштани санҷиши ҳатмии тиббӣ барои муҳоҷирон ҷарима аз 25 ҳазор то 50 ҳазор рубл ва баъдан ихроҷ аз Русия пешбинӣ шудааст.

Барои эътибор пайдо кардани ин қоидаҳо танҳо имзои Президенти Русия Владимир Путин боқӣ мондааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.