26.9 C
Dushanbe

Сарсонии мусофирон дар пайи таъхир ва лағви парвозҳо байни Тоҷикистону Русия

Дар фурӯдгоҳҳои Тоҷикистону Русия беш аз 10 парвози ширкати “Уралские авиалинии” ба таъхир афтода ва ё лағв шудааст, ки ин боиси сарсонии садҳо мусофир гаштааст.

Гуфта мешавад, танҳо дар ду рӯзи охир (21-22 март) 9 парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Уралские авиалинии” аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба таъхир афтодааст.

Аз парвозҳои ба таъхирафтода, танҳо имрӯз, 22-юми март, ду парвоз ба Маскав анҷом шуда, парвозҳои боқимонда ба Маскав, Екатеринбург, Уфа, Челябинск ва ғайра боз ба таъхир афтодаанд.

Бино ба маълумоти онлайн-таблои фурӯдгоҳи Жуковский, дар ду рӯз аз 21 то 22-юми март 6 парвози ширкати “Уралские авиалинии” танҳо аз Маскав ба Тоҷикистон ё баръакс лағв шудааст. Ин парвозҳо ба Кӯлоб, Душанбе ва Хуҷанд буданд.

Инчунин парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат барои 22-юми март аз шаҳрҳои Ростови лаби Дон, Екатеринбург, Сочи ва ду парвоз аз Маскав ба Душанбе ва аз Челябинск, Екатеринбург, Ростови лаби Дон ва Минералние Води ба Хуҷанд бекор шудаанд.

Умедҷон Лолаев, намояндаи ширкати “Уралские авиалинии” дар Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси таҳримҳо ҳавопаймоҳое, ки дар ҳудуди Аврупо сабт шуда буданд, аз парвоз мондаанд ва аз имрӯз ҳавопаймоҳоро дар Русия аз нав сабтином мекунанду дигар таъхир намешавад.

Аммо мардум, ки ҳоло дар фурӯдгоҳҳои Тоҷикистону Русия қарор доранд, аз ширкат талаб доранд, ки дар зудтарин парвоз онҳоро ба ҷойҳои худ баранд ё пулҳояшонро баргардонанд.

Ёдовар мешавем, ки баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина, кишварҳои аврупоӣ алайҳи Маскав таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд. Бар асари ҷорӣ шудани таҳримҳо даҳҳои ширкатҳои пурнуфузи ҳавопаймоӣ бозори Русияро тарк карданд, ки ин боиси халал дар реҷаи парвозҳои Русия шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.