21.9 C
Dushanbe

Рӯзи баргузории нитихоботи президентӣ дар Тоҷикистон муайян шуд

Маҷлиси олии Тоҷикистон рӯзи баргузории  интихоботи Президенти Тоҷикистонро ба  якшанбе, 11 октябри соли 2020 таъин кардааст. Расонаҳо ин хабарро аз қавли Наврӯз Самадзода, раиси дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба нашр расонидаанд.

Гуфта шудааст иҷлосия мазкур таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сурат гирифтааст. Бо эълони рӯзи баргузории интихобот аҳзоби сиёсӣ метавонанд номзадҳои худ ба курсии президенти Тоҷикистонро пешниҳод кунанд.

Феълан дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ амал мекунад. Фаъолияти ҲНИТ аз аҳзоби асосии мухолифи давлат аз тирамоҳи соли 2015 дар Тоҷикситон манъ карда шудааст. Ба ҷуз аз аҳзоб Иттифоқи касаба ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикстон ҳаққи пешбарии номзад ба мақоми президентиро доранд. Президенти Тоҷикистон ба муддати 7 сол интихоб мешавад.

Ин шашумин интихоботи президентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон хоҳад буд. Президенти кунунии ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи ноябри соли 1994 инҷониб дар ин вазифа аст. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунунии Тоҷикистон, ки 28 соли ахир кишварро идора мекунад, айни замон яке аз номзадҳои асосии курсии президентӣ ба ҳисоб меравад. Эмомалӣ Раҳмон дар муддати раҳбарияш чандин бор қонуни интихоботро тағйир дод, то битавонад бидуни кадом мамониате дар сари қудрат боқӣ монад.

Яке аз тағйироте дигаре, ки Раҳмон дар ин муддат ба қонун ворид кард, ин пойин овардани умри номзад ба президентӣ буд. Тибқи ин қонуни тағйирёфта акнун ҳар нафаре, ки ба синни 30 расидааст ва 10 соли ахир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда бошад метавонад номзадии худро пешниҳод кунад. Вақти тағйири ин қонун Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, мехоҳад роҳро барои ҷавонон дар ҳукумат ва идораи он боз кунад. Вале ба назари мухолифин ин иқдом ба ҷуз ҳамвор кардани роҳ барои писари худаш Рустами Эмомалӣ чизи дигаре нест.

Як нуқтаи мавриди тааҷҷуб дар таъйини рӯзи баргузории интихобот ин аст ки он тақрибан як моҳ пеш аз замони худ баргузор карда мешавад. Баъди касби истиқлолият ҳамаи интихоботҳои раёсати ҷумҳурӣ 6 ноябр гузашта буд. Ва дигар ҳам ин аст ки тибқи қонуни интихобот марҳалаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бояд се моҳро фаро бигирад. Аммо ин бор барои интихобот чизе бештар аз 2 моҳ ҷудо карда шудааст. Вале шарҳ дода нашудааст, ки чаро таърихи баргузории интихобот пеш оварда шудааст ва иллати шитобу саросемагии ҳукумати Тоҷикстон барои баргузории ин маърака чӣ буда метавонад?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Манъи ҳиҷоб дар мактабу беморҳохонаҳо

Мақомоти тоҷик пас аз қабули тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” дар мактабу бемористонҳо "рейд" гузаронда, ҳиҷоби занҳоро зӯран мекашанд.

Сарвазирро кӣ ва чаро парронд?

Рӯзи чоршанбе, 4-уми май пас аз як нишасти давлатӣ, ба ҷони Сарвазири Словакия Роберт Фитсо сӯиқасд сурат гирифта, ӯ ба бемористон мунтақил шуд.

Тамдиди муҳлати ҳабси гумонбарони ҳамла ба Крокус

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси чор зодаи Тоҷикистонро, ки дар дар ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл” гумонбар мебошанд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

“Идгардак”-у пешвози ҳоҷиён ва “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ шуд

Дар Тоҷикистон "идгардак"-и кӯдаконро дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбонро манъ карданд.