26.9 C
Dushanbe

Рӯзи фарҳангии Тоҷикистон дар Порис

Қарор аст, рӯзи 14-уми октябр дар ҳошияи сафари Раҳмон ба Порис намоишгоҳи муаррифии Тоҷикистон дар Юнеско ва ё худ “Рӯзи фарҳангии Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Акс аз сомонаи “Союз Тур”

Тибқи манобеи Аздо тв, барои ин ҳамоиш беш аз 80 сароянда ва раққосаҳои тоҷикистонӣ иштирок мекунанд. Аз ҷумла, дар ин сафар сарояндагони маъруфи тоҷик ба монанди Давлатманд Холов, Нигина Амонқулова, ду ансамбли раққосаҳои Тоҷикистон ва дигарон иштирок хоҳанд кард.

Пештар гуфта мешуд, Раҳмон дар сафараш бо Прис дар осорхонаи Гиме гӯшаи Тоҷикистонро ифтитоҳ хоҳад кард. Ва муҳимтарин бахши сафари Раҳмон ба Фаронса низ ҳамин ифтитоҳи намоишгоҳ гуфта мешавад.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, осори фарҳангӣ ва таърихии як миллате ба мисли тоҷикон барои муаррифӣ ба мардуми Фаронса муҳим аст ва онҳо ба ингуна чорабиниҳои фарҳангӣ арҷ мегузорнд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.