32.9 C
Dushanbe

Рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон муайян шуд

Акс аз: “Asia-Plus”

Шӯрои маркази исломии Тоҷикистон расман таърихи баргузории Иди Қурбонро рӯзи 31 июл эълон кард. Хабаргузории “Sputnik” навиштааст, ки Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, мувофиқи ҳисобҳои илмӣ имсол ид ба рӯзи ҷумъа 31 июл рост меояд.

Ӯ гуфт, намози Иди Қурбон дастаҷамъона доир намешавад ва шаҳрвандон метавонанд дар вақти намоз ба зикру тасбеҳ дар хонаҳояшон машғул шаванд.

“Азбаски мо дар ҳолати фавқулода ва маъмуливу ғайриоддӣ қарор дорем, масоҷид баста аст, то бартараф шудани ин хатар. Дар ин ҳолат шариати исломӣ пешбинӣ кардааст, ки намозгузорон дар хонаҳои худ дар вақти намози ид ба зикру тасбеҳ машғул шаванд”,- гуфт Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, дар бораи чӣ гуна дар ин ҳолат сурат гирифтани қурбониро низ шарҳ дод: “Дар ҳолати бо ҷамоат адо нашудани намози ид мувофиқи мазҳаби ҳанафӣ як нозукие вуҷуд дорад ва он инаст, ки дар чунин ҳолат қурбонӣ пас аз пешин сурат мегирад. Чаро ки инҷо бояд намози ид хонда мешуд, ҳоло намешавад ва ба ҳамин хотир қурбонӣ каме бо таъхир анҷом дода мешавад”.

Ӯ гуфт, як соат пас аз баромадани офтоб низ қурбонӣ ҷоиз аст, аммо афзалтару хубтараш он аст, ки пас аз пешин сурат бигирад ва савоб низ зиёдтар аст.

Интишори вируси ҳамагири COVID-19 на танҳо барои лағви намози Иди Қурбон сабаб шудааст, балки ҳатто баргузории маросими ҳаҷҷи имсола низ ба хотири ҳифзи саломатии ҳоҷиён ва пешгирӣ аз ин беморӣ доир намешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.