Садамаи маргбор дар Фархор: чанд нафар ҷон бохт

Дар садамаи вазнини нақлиётӣ, ки рӯзи 4-уми июл дар роҳи Фархор – Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Бобосафои ноҳияи Фархор рух дод. Дар натиҷа 7 нафар ҷон бохта, як нафари дигар ҷароҳат бардоштааст.

Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, қурбониёни ин ҳодиса аз 18 то 45-сола буда, рӯзи 5-уми июл ба хок супурда шудаанд. Ба гуфтаи намояндагони ҳукумати ноҳияи Фархор, садама дар қитъаи роҳе рух додааст, ки чанде пеш мумфарш шудааст ва бархе ронандагон дар он бо суръати баланд ҳаракат мекунанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пештар дар бораи ин ҳодиса хабар дода, гуфта буд, ки Муҳаммад Идрисзодаи 19-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳундай Сервис», аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини «Тойота Королла», таҳти идораи Оятулло Турсунови 34-сола бархӯрдааст.

Вазорати корҳои дохилӣ дар аввал аз ҳалокати 6 нафар хабар дода буд. Аммо тибқи маълумоти дарёфтшуда аз манобеи маҳаллӣ, шумораи қурбониён ба 7 нафар расидааст. Дар миёни онҳо Дилрабо Абдураҳмонова (45-сола), Товус Абдулазизова (45-сола), Сайлигул Шовалиева (41-сола), Оятулло Турсунов (34-сола), Муҳаммадҷон Идрисзода (19-сола), Ҷанатулло Фармонов (19-сола) ва Мавлуда Қосимова (18-сола) ҳастанд. Чаҳор нафар аз ҳалокшудагон зан мебошанд.

Яке аз наздикони Оятулло Турсунов гуфтааст, ки ӯ беш аз даҳ сол дар хатсайри Душанбе – Фархор ҳамчун ронандаи таксӣ фаъолият мекард.

Мақомоти корҳои дохилӣ то ҳол натиҷаи ниҳоии таҳқиқро эълон накардаанд. Як манбаъ аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор гуфтааст, ки мутахассисон мунтазири натиҷаи ташхиси техникӣ ҳастанд, аммо тибқи маълумоти пешакӣ, суръати баланд яке аз сабабҳои эҳтимолии садама арзёбӣ мешавад.

Ин дувумин садамаи пурқурбонӣ дар Тоҷикистон дар давоми як ҳафтаи охир аст. Рӯзи 2-юми июл низ дар як садама дар шаҳри Ваҳдат 11 нафар ҷон бохтанд. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар он ҳодиса як мошини боркаш бо сабаби аз кор мондани низоми тормоз аввал ба автомашинаи «Опел Зафира» ва сипас ба «Тойота Прадо» бархӯрда буд.

Тибқи омори расмӣ, дар соли 2025 дар Тоҷикистон наздики 1400 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи онҳо 643 нафар ҷон бохта ва беш аз 1500 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Коршиносон ва мақомоти масъул суръати баланд, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат, истифодаи мошинҳои фарсуда, вазъи баъзе роҳҳо ва камбудиҳо дар омодасозии ронандагонро аз ҷумлаи омилҳои асосии зиёд будани садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.