Садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ: 11 нафар ҷон бохтанд

Бар асари бархӯрди як мошини боркаш бо ду автомошини сабукрав дар шоҳроҳи Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ 11 нафар ҷон бохт. Ин ҳодиса субҳи 2-уми июл дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат рух додааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе гуфт, садама соати 6:30-и субҳ дар километри 32-юми шоҳроҳ, дар ҳудуди деҳаи Элоки ҷамоати деҳоти Карим Исмоил сар задааст.

Ба иттилои мақомот, мошини боркаши тамғаи «Дулан», ки онро сокини ноҳияи Ёвон Фирдавс Абдуллоев идора мекард, бинобар аз кор баромадани низоми боздорӣ (тормоз), нахуст бо автомошини «Опел Зафира» ва сипас бо автомошини «Тойота Прадо» бархӯрдааст.

Дар натиҷаи ин садама ронандаи мошини боркаш Фирдавс Абдуллоев, ронандаи автомошини «Тойота Прадо» Оқил Палавонов ва нуҳ мусофири ду автомошини сабукрав дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд. Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ҳувияти бархе аз қурбониён ҳоло муайян карда мешавад.

Пас аз рух додани садама вазири корҳои дохилӣ, сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ, додситони шаҳри Ваҳдат ва дигар масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, рафти тафтишотро зери назорат гирифтаанд.

Мақомот мегӯянд, таҳқиқи ҳодиса идома дошта, ҳамаи сабабу омилҳои рух додани ин садамаи маргбор мавриди омӯзиш қарор доранд.

Ин садама дар ҳоле рух медиҳад, ки тайи чанд рӯзи охир дар роҳҳои Тоҷикистон чандин ҳодисаи пурқурбонӣ тасодуфи мошинҳо сабт шудааст. Аз ҷумла, рӯзи 27-уми июн дар шоҳроҳи Душанбе–Ваҳдат бар асари бархӯрди чаҳор автомошин як нафар ҷон бохт. Дар бораи шумораи захмиён маълумоти мухталиф нашр шудааст: Бозрасии давлатии автомобилӣ аз ду захмӣ хабар додааст, аммо як масъули Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ба расонаҳо гуфтааст, ки пас аз ин ҳодиса 10 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфта буданд.

Афзоиши чунин садамаҳо дар рӯзҳои охир бори дигар масъалаи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва таъмини бехатарии нақлиётро дар шоҳроҳҳои кишвар дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.