14.9 C
Dushanbe

Сафарҳои Раҳмон дар соли 2023 ба хориҷ аз кишвар ва бурду бохтҳои дипломатии ӯ

Сафари пур аз сарусадои Раҳмон ба Олмон, лағви низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон ва наздикшавии мавқеъҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро метавон аз руйдодҳои мутафовити сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 арзёбӣ кард.

Сафари Эмомаӣ Раҳмон ба Олмон

Раҳмон дар соли 2023 як сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин ва як сафари расмӣ ба Русия, ин ду кишвари таъсиргузор ва аз шарикони муҳимми давлати Тоҷикистон ҳам дошт, вале ҳодисае, ки дар ҷараёни сафари кории вай дар Олмон иттифоқ афтод, дар тамоми муддати сивучандсолаи ҳукумати вай назир ва собиқа надорад. Ин ба он маъно нест, ки дар ин сафари худ Раҳмон қарордодҳои ҷалби сармояи чандмиллиардӣ ба имзо расонида бошад ва ё тавониста бошад филиали ягон корхонаи маъруфи Олмон, масалан Мерседесро дар Тоҷикистон бикшояд, на, аз ин гуна корҳо хату хабаре ҳеҷ гоҳ набуд ва баъид аст, ки бишавад. Ин сафар аз он ҷиҳат беназир ва бесобиқа аст, ки мошини ҳеҷ яке аз руасои ҷамоҳири Осиёи Марказӣ не, маҳз мошине, ки Эмомалӣ Раҳмонро мебурд, мавриди ҳамлаи мухолифини сиёсии вай қарор гирифт. Шуморе аз мухолифини Раҳмон ба тарафи мошини ӯ тухм партоб карданд ва ин тухмҳо ҳам дурусту дақиқ дар шишаи нишастгоҳи Раҳмон дар мошин бархурд. Раҳмон дар давоми беш аз сӣ соли ҳокимияташ ба инчунин истиқболу бо чунин ҳолат рӯбарӯ нашуда буд ва афзун бар ин чопу нашри ин рухдоди ҳаяҷонангез дар матбуоти Олмон ва дигар кишварҳои олам ва махсусан интишори наворҳои тасвирии он дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ин раисҷумҳури худкомаро мавриди муҳокима ва мазаммати ҷаҳониён қарор дод. 

Раҳмон ҳеҷ мунтазир набуд, ки кор то ба чунин ҳолат пеш меравад. Вале, ба вузуҳ пай бурд ва дарк кард, ки ончи ки дар кишвар ба худ ва оилаи худ мартабаи фавқулоддаӣ, фарозаминӣ, абарраҳбарӣ, мунтаҳо «асосгузор»-у «пешво» дода ва ҳокимияту раёсати худро дахлнопазиру абадӣ тасвиру тарсим мекард, пучу бепоя аст. Мухолифин бо ҳамин як дона тухм ҳола аз рӯи ин ҳама афсонаву латифаҳо барканданд ва сатру сипари дахлнопазириҳои маснуиву тақаллубиро тикапора карданд. Ба вай ба унвони як диктотур, ки ҳокимият ва раёсати давлатро тӯли беш аз сӣ сол дуздидаву мардумонашро то ба Урупо гурезаву овора кардааст, бархурду муносибат карда шуд. Ин ҳамлаву зарбаи ногаҳонии мухолифин дар сартосари олам Раҳмонро шармсору сарафканда кард. Вале, табъан ки ҳавохоҳону лабайкзанони ӯро наметавонист бетараф бигзорад.

Масалан, Абдулло Раҳнамо ин ҳодисаро накӯҳиш ва маҳкум кард ва гуфт, ки Раҳмон дар ҳар куҷо берун аз Тоҷикистон давлатро намояндагӣ мекунад ва набоядам ин иттифоқ рух медод. Ва ё Абдулло Давлатов, пизишки тоҷики муқими Русия ҳам мавқеъе шабеҳ ба Раҳнаморо гирифта, тухмафкании мухолифин ба сару сурати Раҳмонро амали хилоф бар фарҳанги тоҷикӣ маънидод кардааст: «Албатта ин кор (бо тухм задани мошини президент) ба аксари кулли шиносҳои ман хуш наомадааст. Гуфтанд, ки дар фарҳанги мо ин чиз нест, ақалан барои синну сол бояд як нафарро ҳурмат кард. Тухмзанӣ ҳам аз ҷумла амалҳое аст, ки дар фарҳанги мо макруҳ аст».

Аммо аз ғулғула ва тарокуме, ки дар фазои маҷозӣ ба роҳ андохт, маълум буд, ки ҳаводорӣ ва ҳаводорон аз ин амали мухолифин бамаротиб бештар аст. Ва ин беҷиҳат нест. Чунки, аз ҳақ набигзарем, Раҳмон ва ҳузури тӯлонии вай, ки аз се даҳа ҳам гузашт, бисёр ҳам дилбазан шудааст. Ва ба назар мерасад аз партоби тухм аксарияти мардум эҳсоси қаноат ва ризоият кардаанд. 

 Ва, аммо Фарҳод Одинаев, яке аз фаъолони ҷомеаи маданӣ ба ин назари Абдулло Давлатов розӣ нест ва дар ҳамин суҳбати расонаияш ба ҷаноби Давлатов чунин посух медиҳад:

«Бо як шеваи беадабона меоянд хонаи нафаре мисли Раҳматуллои Раҷаб, ки худаш дар зиндон аст. Хона ва оилаи ӯро тухмшаппак мекунанд, касе инро намегӯяд, ки ин кори дуруст нест ва ин ба фарҳанги тоҷикӣ рост намеояд. Дар назди хонаи фаъолони сиёсӣ митинг мегузаронанд. Вале якбор, ки тухм ба мошини президент расид, ҳамаи онҳоро сахт расидааст ва барои ҳамааш ин фарҳанги бегона шудааст. Агар ин фарҳанги бегона аст, мо аз шумо ёд гирифтем. Ҷавоб ҳамон тавре мешавад, ки шумо интизоред. Намешавад, ки як нафар, як гурӯҳ фақат сухан занаду шумо дар иваз латукӯб кунед. Мо сухан мекунем, шумо дар иваз хешу табори моро боздошт карда мебаред ва латукӯб мекунед. Ин яктараф намешавад .Интизор бошед, ки аз тарафи дигар бархӯрд ҳамон хеле мешавад, ки худатон бархӯрд мекунед».

ВК. Инки аз ин мусофирати худ Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон чи манфиат бардошту чи дастоварде дошт, чизе гуфтан душвор аст, чун ҳама чиз зери ҳамин ҳодисаи пурсарусадои тухмзанӣ хира ва нонамоён шуд.

Сафар Арабистони Саудӣ

Ҳоло, ки аз «сарусадо»-и ин сафари хориҷии Раҳмон гуфтем, аз як «сарусадо»-дигари марбут ба як сафари дигари хориҷии Раҳмон ҳам мебояд, як –ду ҷумла ёдовар шавем.

Сухан дар бораи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ меравад. Аммо масъалае, ки ин сафарро бештар дар сафаҳоти шабакаҳои иҷтимоӣ кашонд ва баҳсомез шуд, Халиҷи Араб ном бурдани Халиҷи Форс буд. Сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон дар ҷараёни ин сафар ба нашри як хабар ин минтақаеро, ки таърихан Халиҷи Форс ном дорад, Халиҷи Араб навишт. 

Бо ин кори худ сомонаи расмии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонро дар балои азим гирифтор кард. Маълум буд, ки ин таъбир огоҳона ва ба хотири хуш омадан ба кишвари мизбон истифода карда шуд, аммо вокунишҳои хашмолуд ба он аз тарафи равшанфикрони тоҷик ба ҳадде сахту зананда буд, ки ин сомона маҷбур шуд, онро пок кунад.

Корбурди номи Халиҷи Араб ба ҷои Халиҷи Форс дар сомонаи расмии Презиленти Тоҷикистон аз он ҷиҳат ҳам ҷанҷолбарангез гардид, ки таври маълум ду кишвари Арабистони Саудӣ ва Эрон дар ин минтақа даъвои нуфуз мекунанд ва равобити пуртаниш доранд. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки дар ин авохир Тоҷикистон муносибати худ бо Эронро дигар карда ва талош дорад ҳарчи бештар муносибатҳои сиёсиву иқтисоди худро бо ин кишвар тақвият бубахшад. Дар мавриди чаро ночор ва ногузир шудааст бо Эрон, ки ҳамин ду-се соли пеш ҳатто барои узвияти он ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мухолифат кард ва онро худи Раҳмон «кишвари дар нохунак дӯст» садо зад, инҷо чизе намегӯем. Вале инки водор ва ночор шуд ҳатто низоми бидуни раводид бо ин кишвари исломиро ба роҳ андозад, нишон медиҳад, ки бар ҳамкорӣ ва равоби беҳтар ба Эрони исломӣ ниёзманд аст.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар соли ҷорӣ ҳамчунин Арабистони Саудӣ ҳам эълон кард, ки барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” 100 миллион доллар қарз медиҳад. Қарордод дар бораи эътои ин қарз 4-уми декабри соли 2023 байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Фонди Рушди Саудӣ Созишномаи ба имзо расид. Дуруст дар ҳамон рӯзе, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Султон Абдурраҳмон ал-Маршад, раиси Фонди Рушди Саудӣ дар Душанбе мулоқот кард. Аммо расонаҳои расмӣ навиштанд, ки мувофақа дар бораи ин қарз ҳанӯз дар сафари Раҳмон ба Арабистони Саудӣ ба даст омада буд. Ин сафари Раҳмон ба Арабистони Саудӣ 10 ноябр бо ҳадафи ширкат дар нишасти изтирории сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сурат гирифта буд. Ин бори дувум буд, ки Раҳмон ба Арабистони Саудӣ дар соли 2023 сафар кард. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 июли имсол дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷи Форс ширкат ва бо валиаҳди ин кишвар Муҳаммад бин Салмон дидору мулоқт дошт. Бинобар навиштаи вебсайти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин мулоқот ба зарурати “тақвияти муколамаи стратегӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс” таъкид гардид. Дар зимн, ин ҳамон сафаре буд, ки вебсайти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо бурдани номи Халиҷи Араб ба ҷои Халиҷи Форс баҳсу кашокашҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро ба бор овард.

Сафар ба Чин

Ин дуруст аст, ки Раҳмон ва давлати он аз ҳар кишвари дигар бештар пойбанд ва вобастаи Русия ва Чин аст. Махсусан кишвари абарқудрати Чин бештари тарҳҳои иқтисодии ҳукумати Раҳмонро сармоягузорӣ мекунад. Сафари давлатии Раҳмон ба Чин 16-уми моҳи майи соли 2023 иттифоқ афтод. Дар ҷараёни ин сафар боз ҳам масъала кумак ва қарзҳои калони ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон авлавият касб кард. Ин сафар дар шабурӯзҳое иттифоқ афтод, ки дар Пекин ҳамоиши саммити якуми «Осиёи Марказӣ-Чин» баргузор гардид. Дар ҷараёни ин сафар Бонки осиёии сармоягузориҳои Чин эълом кард, ки барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистон  500 миллион доллар қарзи имтиёзнок тахсис додааст.

Бинобар навиштаи расонаҳо, Раҳмон дар мулоқот бо муовини президенти Чин Ҳан Жен аз идомаи пешрафт дар равобити Тоҷикистону Чин ситоиш кардааст. Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон сиёсати “Чини воҳид”-ро дастгирӣ мекунад.

Сомонаи Президенти Тоҷикистон навишт, ки дар мулоқот бо сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ли Тсян аз “сатҳи сифатан нави” шарикии стратегии ду кишвар ситоиш шудааст. Дар хабар омадааст, ки додугирифтҳои тиҷоратии миёни Чину Тоҷикистон соли 2022 то 40 дарсад афзудааст.  

Зимнан, Чин на танҳо дар бахши иқтисод, ҳамчунин дар арсаҳои амниятиву низомӣ ба Тоҷикистон ба маблағи даҳҳо миллион доллар кумак ва дар Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз чанд сол ба ин тараф як пойгоҳи ҳарбии худро ташкил кардааст.

Сафар ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Соли ҷорӣ ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз кишварҳои дигари арабӣ Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сафари корӣ анҷом дод. Бинбар хабари дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, «ҳадаф аз ин сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Дубай иштирок “дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим” буд.

Дар ин авохир Раҳмон ба тавсифи шабакаҳои телевизионии кишвар «бо ташаббусҳои глобалии сатҳи ҷаҳонӣ дар робита ба тағйирёбии иқлим ва махсусан ҳифзу ҳимояти пиряхҳо» баромада номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бурда истодааст. Вале, ба ин тарафи масъала, ки Тоҷикистон ба унвони як кишвари дорои пиряхҳои бузург ва манбаи оби пок то ба ҳол барои сокинонаш наметавонад оби ошомиданӣ ва полезиро таъмин кунад ва ба иллати танқиси об ҳамасола ҳазорон гектар мазореъи кишти кишварзон талаф меёбад, шабакаҳои телевизионӣ ва коршиносони ҳаводори Раҳмон ҳарф намезананд. 

Сафар ба кишварҳои Қазоқистон ва Қирғизистон

Эмомалӣ Раҳмонов дар соли ҷорӣ ба Қазоқистон ва Қирғизистон ҳам сафари корӣ анҷом дод. Бинобар навиштаи расонаҳо, миёни кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар соли гузашта 1,4 миллиард долларро табодули молу коло сурат гирифтааст. 

Қазоқистон муҳимтарин воридкунандаи ғаллаву орд, равған ва сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳамчунин баъд аз Русия дуюмин кишваре аст, ки шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар онҷо кору зиндагӣ мекунанд. Тоҷикистон гази табииро асосан аз Қазоқистон ворид мекунад. Аммо натиҷаи сафари Раҳмон ба Қазоқистон ин шуд, ки баҳои гази табиӣ дар кишвар 100% боло рафт ва ҳоло Тоҷикистон талош дорад аз кишварҳои дигар газии табиӣ арзон ворид кунад.

Аммо ба назар мерасад, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон мушкилоти баҳси марзиро дар ҳоли ҳаллу фасл кардан қарор доранд. Дар охирин мулоқоте, ки сарони ҳайатҳои дуҷониби музокиротии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор карданд, изҳор доштанд, ки иродаи роҳбарони ҳарду кишвар барои ҳалли ин мушкилот, ки ҷангу хусмату хунрезӣ ҳам дошт, корҳо барои таъйин ва аломатгузории хутути марз пеш меравад. Раҳмон ва Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи октябр дар шаҳри Бишкек дидор карда буданд. Бинобар  навиштаи расонаҳо, дар ин мулоқот тавофуқи усулӣ барои ҳалли мушкилоти марзӣ ҳосил шуда буд, ки баъдан ҳайатҳои ҳарду тараф санадеро бо номи Протокли 44 имзо ва эълон карданд. Гуфта мешуд, ки роҳ барои аз байн бурдани ихтилофот дар масоили марзӣ амалан ҳал шуд. Аммо, он замон расонаҳои Қирғизистон навиштанд, ки Тоҷикистон аз даъвои марзӣ даст кашид, иддае, ки то кунун ҷониби Тоҷикистон такзиб накардааст.

Сафар ба Русия 

Натоиҷи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав, ки 21-уми ноябр сурат гирифт, аз тарафи Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ва Раҳмон мусбат тавсиф шуд. Путин Раҳмонро дӯсти худ хонд ва гуфт, ки Русия ҳамоно ба унвони шарики стратегии Тоҷикистон дар ҷойи аввали сармоягузорони ин кишвар қарор дорад. Вай гуфт, ки мизони табодули молу коло миёни ду кишвар дар соли гузашта ба 1 миллиарду 600 миллион доллар расид, ки дар қиёс ба солҳои пешина бештар аст.

 Раҳмон дар сухани муқаддамавии худ ошкоро ишора кард, ки ҳоло ҳам дар доираи сиёсатҳои Русия қарор дорад. Вай гуфт: «Ман хеле хушҳолам, ки дар Маскав ҳастам, пазмон шудам, ташаккур барои меҳмондорӣ. Шодам, ки боз Шуморо мебинам.”

 Раҳмон аз тақвияти ҳамкориҳои махсусан ниҳодҳои интизомии Русия бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард. Вай гуфт, ки миёни ин ниҳодҳо дар мубориза бо терроризм, ҳамкории мусбат дар ҷараён аст. Албатта, ин суҳбат дар худ ишораҳо дошт. Ишораи Раҳмон дар мубориза бо терроризм ин буд, ки мақомоти интизомии Русия оқибат Дилшод Саидмуродов мулаққаб ба Дилшоди СБ-ро, ки мақомот ӯро роҳбари гурӯҳи қотилони Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси Ориёнбонк мешиносанд, таслими Тоҷикистон карданд. Агарчи русҳо дар оғоз барои кадом мулоҳизот ва шояд ҳам муомилаҳое аз истирдоди вай ба Тоҷикистон сар боз зада буданд.  

 Тоҷикистон ва Русия шарикони стратегӣ дониста мешаванд. Русия дар хоки Тоҷикистон азимтарин пойгоҳи низомии хориҷиашро ҷой додааст ва ҳамасола беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия барои кор мераванд. Маблағҳои мефиристодаи ҳамин муҳоҷирон аст, ки суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

 Вале маҳз муҳоҷирони тоҷикистонӣ, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, аз беҳимоятарин қишри коргарони хориҷӣ дар ин кишвар дониста мешаванд, ки вобаста ба тағйирёбии муносибатҳои байни раҳбарон ё ҳукуматҳои ду кишвар мавриди фишору азият қарор мегиранд. Мунтақидон Русияро барои ваъдахилофиҳояш дар иҷрои тарҳҳои иқтисодию саноатӣ дар Тоҷикистон интиқод мекунанд. Агар дар солҳои гузашта Путин шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русияро 1 миллиону 200 ҳазор гуфта буд, ин бор ҳудуди 1 миллион гуфт ва ваъда супорид, ки шароити буду боши онҳоро содатар хоҳад кард. Аммо маълум нашуд, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин масъалаи ихроҷи муҳоҷирон аз Русия ва ё ба ҷанги Украина фиристодани онҳоро баррасӣ кард ё хайр?

 Ба навиштаи хабаргузории Спутники Русия, аз соли 1999 ин 29-умин сафари расмӣ ва кории Раҳмон ба Русия аст.

Равобити хориҷӣ 

  Аммо дар арзёбии умури байналмилалӣ ва сиёсатҳои хориҷии давлати Тоҷикистон инро ҳам бояд мутазаккир бишавем, ки Амрико ширкати тоҷикии «Кафолати Комил»-ро барои давр задани санксия-таҳримоти ҷоришуда алайҳи Русия муқассир хонд. Қаблан низ  шуморе аз ширкатҳои тоҷикистонӣ ба айни иттиҳом айбдор дониста шуда буданд. Дар баробари ин ширкат ҳамчунин ширкате дигаре бо номи «Истиқлолият 20» ба он гумонзад мешавад, ки дар моҳҳои июл ва сентябри соли 2022 тавассути Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бархе қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳоро ба Русия фиристодаанд.Ахиран Вазорати молияи Амрико хабар дод, ки ба сабаби содироти маҳсулоти зери таҳрим ба Русия нисбат ба ширкати “Кафолати Комил” аз Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ кард. Ба навиштаи расонаҳо, дар  Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, ҶДММ “Кафолати Комил” соли 2018 таъсис шуда, самти фаъолияташ бинокорист. Қароргоҳи ширкат ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нишон дода шудааст.

  Амрико дар ҳоле ин ширкатҳои тоҷикиро таҳти таҳрим қарор медиҳад, ки соли ҷорӣ Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии ИМА бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугуҳо анҷом дод. Мулоқоти Ҷо Байден бо роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ рӯзи 19 сентябр дар Ню-Йорк ба вуқуъ пайваст. Ин мулоқот дар қолаби «С5+1» баргузор гардид. Кохи Сафед хабар дод, ки Ҷо Байден дар ин мулоқот дар баробари масоили дигар, ба ҳимояти давомдори кишвараш аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолиятҳои тавонмандсозии иқтисодии занон таъкид кард. Расонаҳо аз қавли Ҷо Байден навиштанд, ки вай ин мулоқоти худро «лаҳзаи таърихӣ» унвон кардааст: “Фикр мекунам, ки ин як лаҳзаи таърихӣ аст. Мо бар пояи робитаҳои наздики Осиёи Миёна ва ИМА, ки солҳои тӯлонӣ идома дорад, ҳамкорӣ мекунем, ки ба ӯҳдадориҳои муштараки мо ба истиқлолият ва тамомияти арзӣ, асос ёфтааст“. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон навишт, ки  Эмомалӣ Раҳмон хостори ҳамкорӣ дар бахши иқтисод, нақлиёт ва обу энержӣ шудааст. Мулоқоти раиси ҷумҳурии Амрико бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароите сурат гирифт, ки Амрико бо ду шарики калидии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия бар сари ҷанг дар Украина ва бо Чин барои тасмимҳояш дар мавриди Тайван мухолифат дорад. Амрико аз ҷумлаи кишварҳои аслиест, ки Русияро барои ҷангаш дар Украина таҳрим кардааст ва дигар кишварҳоро низ барои анҷоми ин амал ташвиқ мекунад. Ва аз намунаи ин таҳримҳо, чуноне дидем дар Тоҷикистон низ Амрико ҷорӣ кард ва алайҳи ду ширкате, ки гуфта мешавад барои Русия молу ашё дастрас кардаанд, муҷозот таъин кард. Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик дар як суҳбати расонаияш мегӯяд, маҳз мухолифатҳои Амрико бо Русия минтақаи Осиёи Марказиро барои Амрико муҳимтар кард:«Амрико кӯшиш мекунад, ки таҳрими Русия ҷиддитар шавад ва ягон роҳи расидани молу маҳсулот ба ин кишвар боқӣ намонад. Дар марҳилаи имрӯза Амрико намехоҳад, ки кишварҳои собиқ Шӯравӣ зери таъсири Русия боқӣ монанд, ҳам бо сабабҳои иқтисодӣ ҳам бо сабабҳои сиёсӣ. Талош доранд, ки ҳарчӣ бештар Русияро ба чолиш кашанд ва ин кишвар аз ҷанг даст кашад».

Маълум аст, ки Амрико баъди ба даст овардани истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Маскав солона ба ин кишварҳо садҳо миллион долkар кумак мекунад. Аммо ҳамзамон Амрико дар гузоришҳои солонааш кишварҳои Осиёи Марказиро барои нақзи ҳуқуқи башар, маҳдудияти озодии сухану озодии дин танқид мекунад. Аз ин ҷиҳат бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки баъид аст, ки « ин вохӯрӣ сиёсатҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаро тағйир диҳад.» Ва Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои минтақа ҳанӯз тамосҳои қавӣ бо Русия дорад ва гумон аст, ки мавқеаш ба якборагӣ дигар шавад, «вале барои Тоҷикистон муҳим аст, ки Амрико бо ӯ мавзӯъ барои гуфтугӯю муҳокима дорад,»-гуфтааст, Темур Умаров коршинос аз маркази Корнегӣ

 Мусаллам аст, ки Русия аз тақарруби кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико ва кишварҳои аврупоӣ нороҳат мешавад. Зеро Русия ин минтақаро наздики 150 сол аст таҳти нуфузи худ нигоҳ медорад. «Ин вохӯрӣ ҳатман дар як доираи муайян асабонияти Русияро ба бор хоҳад овард. Фикр мекунам чунин вокунишҳо аз рӯи мантиқ нестанд, чун ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА аҳамияти хос дорад ва ба Чину Русия мустақим дахолате надорад,» гуфтааст, коршиноси узбек Фарҳод Камолов.

  Ба навиштаи расонаҳо, дар ин нишаст Ҷо Байден президенти Амрико ваъдаи бештари ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро додааст. Кишварҳои минтақа аз Русия барои ҳамкории ҷиддӣ накардан ҳамеша гила мекунанд. Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон дар чунин шароит талош хоҳанд кард, ки барои манфиаташон бо ҳар кишвар ҳамкорӣ кунанд, бо вуҷуде, ки Чину Русия инро қабул надоранд. Аз ин ҷиҳат ба ақидаи ин коршинос «Русияро хуш намеояд, вале коре карда наметавонад. Аммо Алим Шерзамонов, намояндаи мухолифини тоҷик дар Аврупо ҳамкориҳои кишварҳои абарқудрат бо Тоҷикистонро таъсиргузор намедонад:

“Ягона натиҷаи чашмрас ва эҳсосшаванда муносибатҳо байни Чин ва Тоҷикистон аст. Он ҳам бештар ҷанбаи дуҷониба дорад. Форматҳои боқимонаи С5+1 бо Амрико, Аврупо ва Русия бошад, барои Тоҷикистон ба ҷуз нишаст ба хотири нишасте чизи дигаре нестанд. Шояд Қазоқистон ва Узбекистон аз ин нишастҳо баҳрае бурда бошанд, чун соҳиби иқтисоданд. Гарчанд дар он ҷо ҳам муносибатҳои бевоситаи Ғарб назаррасанд,”—гуфтаст ҷаноби Шерзамонов.

Ва, аммо, ҳамчуноне дар оғози матлаб ёдовар шудем ҳеҷ сафари хориҷии Раҳмон давоми беш аз сӣ соли фаъолияташ ба мисли сафари ӯ ба Олмон шурангезу пургуфтугу набуд. Мухолифини сиёсии Раҳмон аз “Гурӯҳи 24” ва Паймони миллии Тоҷикистон, ки мақомот онҳоро вориди листи созмонҳои мамнуъа ва террористӣ кардааст дар кишварҳои аврупоӣ қабл аз ин сафари ӯ ҳам тазоҳурот доир карда буданд. Аммо ин бор тазоҳуроти онҳо ва бахусус партоби тухм ба мошини ҳомили Эмомалӣ Раҳмон ин сафари хориҷии Раҳмонро барои мардум ва шахсан худи ӯ сахт хотирмон кард.

Сорбон Азимӣ, махсус барои Azda tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳабси пешакии ронандаи автобус

Додгоҳи Санкт-Петербург ронандаи автобусеро, ки рӯзи 10-уми май ба дарёи "Мойка" сарозер шуд, барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

USCIRF: Бар зидди Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ карда шавад!

Комиссия байналмилалии Амрико дар умури озодиҳои динӣ аз мақомоти кишварарш хоста, ки алайҳи бархе мақомодорон ва ниҳодҳои Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ кунанд.

Фишор болои модари Бахтовар Ҷумъаев

Бахтовар Ҷумъаев, ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон аз афзоиши фишори мақомоти Тоҷикистон болои пайвандонаш хабар дод.

Ҳалокати 3 нафар дар пайи сарозер шудани автобус ба дарё

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия як автобус бо 20 мусофир ба дарёи "Мойка" сарозер шуд.