Ҳабси пешакии ронандаи автобус

Додгоҳи Санкт-Петербург ронандаи автобусеро, ки рӯзи 10-уми май ба дарёи “Мойка” сарозер шуд, барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, нисбати Раҳматшоҳ Қурбонов бо иттиҳоми “вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки боиси марги ду ва зиёда нафар шудааст”, парванда боз шуда, ба ӯ то ҳафт соли зиндон таҳдид мекунад.

Худи Раҳматшоҳ Қурбонов дар додгоҳ аз қурбониён ва наздиконашон узр хоста, гуфтааст, ки аз кор баромадани тормоз боиси ин садама гашт.

Дар наворҳое ҳам, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, дида мешавад, ки Раҳматшоҳ талош дорад автобусро боз дорад, автобус ба ду мошин бархӯрда, ба дасти рост мегардад ва деворро шикаста ба дарё сарозер мешавад.

Дар ҳамин ҳол ширкати “Такси”, ки Қурбонов дар он ба ҳайси ронандаи автобус кор мекард, иддао дорад, ки автобус пеш аз баромадан ба роҳ дар ҳолати хуб қарор дошт ва ронанда низ пас аз истироҳат ба кор баромадааст.

Аммо ҳамсари Қурбонов ба шабакаи телевизионии «78» гуфт, ки як рӯз пеш аз ин ҳодиса шавҳараш қариб як рӯз кор карда, баъд аз он ӯ ҳамагӣ панҷ соат пеш хоб карда, боз ба кор баромадааст.

Гуфта мешавад, нисбати ҶДММ “Такси” низ аз рӯи моддаи пешниҳоди хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 10-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт Петербурги Русия як автобуси ҳомили 20 мусофир ба дарёи “Мойка” сарозер шуд, ки дар натиҷа 7 нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор доранд.

Ронандаи ин автобус Раҳматшоҳ Қурбонови 44-сола зодаи Тоҷикистон буда, шаҳрвандии Русияро дорад ва ҳамроҳи зану се фарзандаш дар ин кишвар зиндагӣ мекунад.

Пас аз боздошти Қурбонов, Кумитаи тафтишоти Русия нисбати ӯ як парвандаи дигари ҷиноӣ бо иттиҳоми сабти номи қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ, боз кардааст. Назари худи Қурбонов дар ин бора дастраси расонаҳо нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.