Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Темурмалик

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 21-уми октябр ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президент

Тавре худи ӯ дар суханронияш бо сокинони деҳаи Кангурти ин ноҳия ёдовар шуд, мақсади сафараш ба ин ноҳия шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва боздид аз ҷараёни корҳои ободонӣ ба муносибати ҷашни 30–солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, Раҳмон дар деҳаи Кангурти ноҳия Темурмалик чанд бинои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, Коллеҷи тиббӣ, Маркази табобати дандону корхонаи мебелсозиро ифтитоҳ кард.

Раҳмон дар суханронияш бо мардум аз таърихи деҳаи Кангурт ёдовар шуда гуфт, ки он дар аҳди биринҷӣ ташкил ёфтааст ва 4700-сола таърих дорад.

Вай мегӯяд, барои обод сохтани деҳа аз буҷети кишвар маблағҳои зиёд ҷудо карда, айни замон 17 километр роҳҳои дохили деҳаи Сафарбоён, роҳи миёни деҳаҳои Давлатшоён, Чавроқ ва ғайра таъмиру таҷдид шудаанд. Раҳмон дар ин суханронияш аз овардани хатти оби нӯшокӣ ба деҳаҳои ин ноҳия хабар дод. Ин гуфтаи ӯ дар ҳолест, ки яке аз мушкилоти асосии ноҳияи мазкур нарасидани оби ошомиданӣ аст ва то ҳол мардум аз беобӣ ранҷ мекашанд.

Дар идома Раҳмон ёдовр шуд, ки танҳо дар деҳоти Кангурт то имрӯз 43 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 52 миллион сомонӣ сохта ва ба истифода дода шудааст.

Коршиносон мегӯянд, аксар бинову иншооте, ки Раҳмон дар сафарҳояш ба шаҳру ноҳияҳо ифтитоҳ мекунад, баъди рафтанаш як ҳафта ҳам идома намекунанд. Айни замон аксҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, ки ноширони он мегӯянд, ин ҳамон корхонаҳоест, ки Раҳмон ду ҳафта пеш дар Вилояти Хатлон ва қабл аз он дар вилояти Суғд ифтитоҳ карда буд, ки баъди рафтанаш хароб шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Навори баҳси сокини маҳаллӣ бо ду муҳоҷири тоҷик дар Аврупо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки гуфта мешавад...

Интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз Русия ҳанӯз оғоз нашудааст

Раванди интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз зиндонҳои Русия...

Муовини раисҷумҳури ИМА Исроилро ба талоши тӯлонӣ кардани ҷанг бо Эрон муттаҳам кард

Муовини раисҷумҳури ИМА Ҷей Дӣ Вэнс изҳор дошт, ки...

Додгоҳи Австрия дархости истирдоди Шавкати Муҳаммадро баррасӣ мекунад

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Вена қарор аст рӯзи 5 август...