33.9 C
Dushanbe

Сафари мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Иморот

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои баргузории бозиҳои дӯстона ба Имороти Муттаҳидаи Араб сафар кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, субҳи рӯзи 22-уми марти соли 2023 мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои анҷоми бозиҳои дӯстона ба шаҳри Абудабӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб рафт.

Ба қавли манбаъ, мунтахаби миллии Тоҷикистон нахустини бозии худро бо кишвари мизбон рӯзи 25-уми марти соли ҷорӣ дар пойтахти ин кишвар анҷом медиҳад.

Инчунин дар назар аст, 28-уми моҳи ҷорӣ мунтахаби миллии Тоҷикистон бо мунтахаби миллии давлати Кувайт дар пойтахти ин кишвар шаҳри Кувайт ҳам бозии дӯстонаеро баргузор кунад.

Гуфта мешавад, барои иштирок дар ин бозиҳои рӯзҳои ФИФА “24 нафар бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.