Сафари Рамазон Раҳимзода ба Чин

Бино ба иттилои расонаҳо, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Чин сафар кардааст.

Ҳадаф аз ин сафари Рамзон Раҳимзода иштирок дар Форуми байналмилалӣ оид ба таъмини амнияти фаромиллӣ, ки рӯзҳои 9-11 сентябр баргузор мешавад, гуфта шудааст.

Ба иттилои расонаҳои давлатии Тоҷикистон, рӯзи сешанбе, 10-уми сентябр вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода бо вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохун мулоқот кардааст.

Гуфта мешавад, тарафҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти тақвият бахшидани муқовимат бо терроризм, экстремизм, сепаратизм, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, тақвияти иқтидори ҳифзи марзии Тоҷикистон ва таҳкими заминаи моддӣ-техникии мақомоти корҳои дохилиро баррасӣ карданд.

Раҳимзода дар ҳошияи ин Форум бо муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Меҳмет Сағлам мулоқот карда, масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро “дар самтҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, киберҷиноятҳо” баррасӣ кардаанд.

Дар хабар таъкид мешавад, ки Раҳимзода бо муовини вазири корҳои дохилии Туркия ҳамчунин дар мавриди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, вусъат бахшидани мурофиаи истирдоди ҷинояткорон, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва лағви раводид суҳбат карда, ба ҷониби Туркия рӯйхати шахсони дар ҷустуҷӯбударо супорида шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро Русия ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ пушт гардонд?

Дар ҳоле, ки Русия шадидан ба қувваи корӣ ниёз...

Баҳси бесобиқа дар футбол: Ҷоми ҷаҳон ё Инфантино?

Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) ва ҳамаи 55 федератсияи...

Чин дар Душанбе корхонаи муосири коркарди партов месозад

Мақомоти Тоҷикистон раванди ҷалби сармоя ва технологияҳои чиниро барои...

Афзоиши норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳо бо вуҷуди таъсиси 85000 ҷойи нави нишаст

Вазорати рушди иқтисод ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон барои бештар...