33.9 C
Dushanbe

Сафир мушкилоти муҳоҷирони тоҷикро дар Русия ҳал мекунад?

Дар пасманзари бад шудани вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо консулҳои генералии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург, Уфа ва Хадамоти консулии сафорат суҳбати онлайнӣ анҷом додааст.

Бино ба иттилои саҳфаи фейсбукии сафорати Тоҷикистон дар Русия, ин суҳбат рӯзи 29-уми августи соли ҷорӣ баргузор шуда, дар он масъалаҳои марбут ба фаъолияти корӣ ва шароити иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия, мушкилиҳои онҳо дар фурӯдгоҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ, инчунин таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва саривақт баргардонидани онҳо ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аммо гуфта нашуда, ки сафорат то ин дам кадоме аз ин мушкилотро бартараф кардааст.

Гуфта мешавад, вазъи муҳоҷирони корӣ, бахусус зодагони Тоҷикистон дар Русия дар гузашта ҳам хеле вазнин буд, аммо пас аз ҳодисаҳои хунин дар “Крокус Сити Ҳолл” ва гаравгонгирӣ дар зиндони Волгоград, ки гумонбарони асосии он зодагони Тоҷикистон мебошанд, мақомоти Русия мехоҳанд шароитро барои муҳоҷирон, бахусус тоҷикистониён душвортар кунанд.

Дар ин чанд моҳи охир чанд тарҳи нави қонунҳое дар Русия пешниҳод ва қабул гардид, ки вазъи кор ва будубоши муҳоҷирон дар ин кишварро ванинтар мекунан.

Ҳатто ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки зодагони Тоҷикистон чандин рӯз дар фурӯдгоҳу марзҳо банд монда, мақомоти Русия ба онҳо ҳаққи ворид шудан ба хоки ин кишварро надодаанд. Дар ҳоли ҳозир пайвандони донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Русия мехонанд бо як чунин мушкилоте рӯ ба рӯ ҳастанд.

Инчунин ҳамарӯза муҳоҷирони тоҷик аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Русия мегӯянд, ки санҷишу боздошт ва ихроҷи иҷбории тоҷикон афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо тағйир ёфтааст ва аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор мегиранд.

Мақомдорони тоҷик ба ҷойи ҳалли ин мушкилот худи муҳоҷиронро гунаҳкор меҳисобанд. Аз ҷумла, чанде пеш Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон далелҳои ихроҷ шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро қонунвайронкунии худи онҳо хонда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.