26.9 C
Dushanbe

Сафоратҳои Афғонистон дар Аврупо баста мешаванд?

Сафоратҳои Афғонистон дар кишварҳои арувпоӣ, ки дар онҳо дипломатҳои ҳукумати пешини Афғонистон машғул ба кор буданд, яке пайи дига баста мешаванд.

Бино ба иттилои бахши форсии ББС, 12-уми сентябри соли 2024 сафорати Афғонистон дар Норвегия баста мешавад.

Ба қавли манбаъ, Юсуф Ғафурзай, сафири Афғонистон дар шаҳри Осло, пойтахти Норвегия эълон кард, ки сафорати Афғонистон “ба дархости расмии кишвари мизбон аз 12-уми сентябр баста мешавад.”

Юсуф Ғафурзай, сафири Афғонистон дар Норвегия, дар Х (пештар Твиттер) навишт, ки пас аз чору ним соли хидмат ҳамчун сафир дар Норвегия, вазифааш ба поён расидааст. Вай аз кишварҳои Норвегия, Дания ва Исландия, ки доираи масъулияташ буданд, ташаккур баён кардааст.

Дирӯз Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир низ эълон карда буд, ки сафорати Афғонистон дар Лондон баста мешавад, зеро кормандони он аз кор озод карда шудаанд.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Толибон эълон карда буд, ки санадҳои содиршуда аз якчанд сафоратҳои Афғонистон, аз ҷумла сафоратҳои Афғонистон дар Олмону Фаронса ва чанд кишвари дигари Аврупоро ба расмият намешиносад.

Толибон 15-уми августи соли 2021 баъд аз 20 соли ҷангу мубориза бо нерӯҳои НАТО ва Аримко дубора дар Кобул ба қудрат расиданд ва бо гузашти беш аз 3 сол то ҳол ҳеч кишваре онҳоро дар дунё ба расмият нашинохтааст. Аммо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ба мисли Чину Покистон, Эрону Туркманистон, Узбекистон, Русия ва Тоҷикистон ҳам дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухотори Кӯҳистони Бадахшон дипломатҳои Толибонро расман дар сафоратхонаҳо ба кор пазируфтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.