Сафорати Тоҷикистон дар Русия бомбгузорӣ нашудааст

Сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ба гумони бомбгузорӣ шудан аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори Русия мавриди тафтиш қарор гирифт. Дар натиҷа кормандони пулиси Маскав хабари бомбгузори шудани бинои сафоратро такзиб карданд.

Рӯзи 10-уми январ аз ҷониби шахси номаълум хабаре паҳн шуд, ки гӯё бинои сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Русия бомбгузорӣ шудааст ва ҳангоми безараргардонии он таркиш ба амал меояд. Дар баробари ин, афроди номаълум аз ин кишварҳо талаб намудаанд, ки нирӯҳои низомии худро аз Қазоқистон берун кунанд.

Вале ҳангоми тафтиши биноҳо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ягон маводи тарканда пайдо нашудааст.

Пештар аз ин, рӯзи 7-уми январ афроди номаълум ба почтаи электронии сафоратҳои Беларус ва Арманистон бо таҳдиди ҳамлаи террористӣ имейл ирсол карда буда, талаб намуда буданд, ки низомиёни худро аз Қазоқистон берун кунанд.

Дар натиҷаи санҷиши мутахассисон дар биноҳои сафоратхонаҳо чизе, ки ба маводи тарканда шабоҳат дошта бошанд, пайдо нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки баъд аз эътирози мардум дар Қазоқистон, раисиҷумҳури ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев аз кишварҳои узви СААД хоста буд, ки барои “рафъи хатари террористӣ” ба ӯ кумак кунанд ва ҳоло дар ин кишвар низомиёни Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ҳузур доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Миллатгароӣ дар Русия: Мавашии “қаҳрамон” ва муҳоҷири “ахлот”

Дирӯз, 25-уми октябр миллатгарои ифротии рус Миша Маваши мурд. Марги ӯ дубора баҳси миллатгароӣ дар Русияро зинда кард.

Миша Мавашии муҳоҷирбадбин даргузашт

25-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Воронеж рэпсаро ва миллатгарои рус Миша Маваши (Михаил Ниц), дар синни 41-солагӣ даргузашт.

Корхонаҳои белорусӣ муҳоҷирони тоҷикро ба маоши баланд ваъда карданд

Корхонаҳои вилояти Гроднои Беларус омодаанд муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро бо маоши моҳонаи аз 750 то 1200 доллар ва ҷойи зист ба кор қабул кунанд.

Тағйироту ҷойивазкуниҳои Раҳмон дар вазорату идораҳо

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазорату кумитаҳо ва дигар ниҳодҳои давлатии кишвар тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро гузаронд.