Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд боздошт шудааст. Вале то ҳанӯз маълумоти расмие вуҷуд надорад, ки ӯро кадом ниҳод ва бо кадом гуноҳ боздошт кардаанд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, боздошти Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғдро тасдиқ кард. Ӯ рӯзи 28-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки сабаби боздошти Мақсудзода ба фаъолияти касбии ӯ рабте надорад, эҳтимол боздошти ӯ ба фаъолияти шахсиаш марбут бошад.
Дар бораи боздошти Фаррух Мақсудзода ҳанӯз моҳи декабри соли 2025 хабарҳои тасдиқнашуда паҳн шуда буданд, вале то ин дам мақомоти расмӣ дар ин бора шарҳ надода буданд. Вазир бори аввал расман ин хабарро таъйид кард, аммо нагуфт, ки кадом ниҳод Мақсудзодаро боздошт кардааст ва иттиҳоми ӯ чист.
Манобеи огоҳ дар мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, ки Мақсудзода чанд муддат инҷониб дар ҷои кор ҳозир нест, аммо бо баҳонаҳои “беморӣ” ва “рухсатӣ” аз шарҳи дақиқи макони будани ӯ худдорӣ мекунанд.
Хешовандони Мақсудзода низ маълумоти равшан надодаанд. Яке аз бародарони ӯ боздоштро рад карда, гуфта буд, ки бародараш аз сафар бармегардад, вале баъдан бо ӯ тамос гирифтан имконнопазир шудааст. Модари ӯ низ танҳо гуфтааст, ки писараш ба “ҷои дур” рафтааст ва аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки Фаррух Мақсудзодаро мақомоти амниятии вилояти Суғд бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт кардаанд. Аммо ин иттилоъ аз сӯи мақомоти расмӣ то ҳол тасдиқ нашудааст.
Вазорати тандурустӣ яке аз ниҳодҳои фасодзадаи кишвар ба ҳисоб меравад. Сокинон борҳо аз мавҷудияти фасод дар ин ниҳод шикоят кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Ожонсии зидди фасод борҳо соҳаҳои тандурустӣ ва маорифро шомили вазоратхонаҳи олуда ба фасод муарифи кардааст .
