3.9 C
Dushanbe

Сарвати пурасрор: Ҳамсари сарвазири Тоҷикистон дар Дубай қасрҳои боҳашамат харидааст

Як таҳқиқоти журналистии муштаракаи Маракзи пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва расонаи Azda TV маълум кард, ки Иқболхон Нозирова, ҳамсари Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хонаҳои боҳашамати чанд миллон долларӣ харидааст. Манбаи ин амволи ҳангуфт, ки шубҳанок менамояд, рӯзноманигоронро водор сохт то ҳақиқати онро рӯи об биёранд.

ТАРҶУМАИ КОМИЛИ МАҚОЛА

Сарвазири Тоҷикистон ва ҳамсараш ба саволи хабарнигорон дар бораи он ки Нозирова чӣ гуна тавонистааст дар Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ соҳиби амволи ғайриманқул шавад, посух надодаанд.

Ҳамсари сарвазири Тоҷикистон ягон даромади маълум надорад ва барои шавҳараш фаъолияти тиҷоратӣ иҷозат нест. Бо вуҷуди ин, Иқболхон Нозирова дар Тоҷикистон соҳиби чанд хона буда, ҳамчунин дар Дубай низ ба маблағи тақрибан 1,4 миллион доллар ҳавлиҳои боҳашамат харидорӣ кардааст.

Ба мисли дигар кишварҳои худкомаи Осиёи Марказӣ, сарчашаи сарвати ин зану шавҳар маълум нест. Дар Тоҷикистон, кишваре, ки раисиҷумҳури он Эмомалӣ Раҳмон се даҳсолаи ахирро ба саркӯби мунтақидон ва ҳифзи қудрати худ сарф кардааст, расонаҳои озод вуҷуд надоранд.

Аммо OCCRP ва Azda TV, расонаи тоҷикӣ дар хориҷ тавонистанд санадҳоеро ба даст оранд, ки гуфта мешавад, Иқболхон Нозирова дар вилояти Суғд, ки шавҳараш қаблан он ҷо раиси вилоят буд, соҳиби чаҳор манзил ва як меҳмонхона аст. Ҳамчунин дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, низ хона дорад.

Дар асоси маълумоти ифшошуда Нозирова дар Дубай, яке аз иморатҳои кишвари Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аст, соҳиби ду вилла (ҳавлии боҳашамат) низ будааст.
Дар мавриди он, ки Нозирова дар ҷое бо музди баланд кор карда бошад ва ё соҳиби ширкати сердаромаде бошад, ҳеҷ маълумоте нест. Қоҳир Расулзода 24 сол ин ҷониб мансабдори давлатӣ аст ва бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ҳаққи машғул шудан ба тиҷоратро надорад.

Эдвард Лемон, раиси маркази таҳлилии “Oxus Society” дар Вашингтон, ки авзоъи кишварҳои Осиёи Марказиро дунбол мекунад ва ба он таваҷҷуҳ дорад, мегӯяд: “Расулзода ҳатто дар вазифаи худ ба ҳайси сарвазир танҳо маоши хоксоронаи расмӣ мегирад.” Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки мансаби сарвазирӣ дар ин кишвар “асосан рамзист”, дида мешавад, ки Расулзода ва ҳамсараш бо режими “дуздсолор” (клептократӣ) робитаи хуб доранд.

“Ӯ (Расулзода) дорои таҷрибаи гуногун дар вазифаҳои ҳукуматӣ аст. Ҳамчунин ба назар мерасад, ки дар робита ба рушди худ дар низоми сиёсии худкомаи Тоҷикистон ғаразҳои шахсии зиёд надошт. Бинобар ин, ман фикр мекунам, бо ин сабабҳо ӯ сарвазир интихоб шудааст.”, – мегӯяд Лемон.

Ҳеҷ далеле оид ба иртиботи Расулзода ё Нозирова ба ҳодисаҳои фасоди молӣ вуҷуд надорад. Худи онҳо ба саволҳои хабарнигорон дар мавриди сарчашмаҳои сарват ва моликияташон посух надодаанд.

АЗ РОҲИ АБРЕШИМ ТО ХАЛИҶИ ФОРС

Меҳмонхонаи Нозирова дар Хуҷанди бостонӣ, маркази вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон, ки замоне аз тариқи Роҳи Абрешим ба Аврупо маҳсулот мефиристод, барои меҳмонон утоқҳоро ба шакли кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ба иҷора пешкаш мекунад. Имрӯз Хуҷанд дувумин шаҳри бузургтарини кишваре мебошад, ки аз рӯи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ фақиртарин кишвари Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Хуҷанд тақрибан 2500 сол пеш дар замони империяи Форс бунёд шудааст. Дар регҳои Дубай бошад, тайи чанд даҳсолаи ахир маҳаллаҳои дарвозадори дастнорас ва биноҳои осмонбӯс қомат афрохтаанд. Нозирова дар ҳар дуи ин кишварҳо ҷойгир шудааст.
Маълумоти ифшошудаи амволи ғайриманқул, ки дар доираи лоиҳаи Dubai Unlocked нашр шудааст, собит мекунанд, ки Нозирова дар Mira Oasis III, як маҳҳаллаи дарвозадори дастнорас дар Дубай ду ҳавлии боҳашамат харидааст, ки дар масофаи ҳамагӣ 200 метр аз ҳамдигар қарор доранд. Ин маҳалла дорои амфитеатр, боғ барои сагҳо, ҳавзҳои шиноварӣ ва майдони волейбол мебошад.

Яке аз ҳавлиҳои боҳашамати ҳасмари сарвазири Тоҷикистон ҳудуди 738 000 доллар арзиш дорад ва дуюмӣ тақрибан 700 000 доллар арзиш дорад. Дар ҳуҷҷатҳои хариду фурӯш барои тамос рақами телефони духтари Нозирова қайд шудааст.

Бино ба маълумоти ифшошуда, Фарангис Азимова, духтари Нозирова низ дар Дубай соҳиби амволи ғайриманқул аст. Ӯ соли 2011 дар маҳаллаи “Meadows” як ҳавлии боҳашамат харидааст, ки имрӯз тақрибан 5,4 миллион доллар арзиш дорад. Вақте ӯ ин ҳавлиро харид, ҳамагӣ 24 сол дошт. Гуфта мешавад, Азимова тарроҳи либос буда, ҳамсари соҳибкор Зафар Азимов, писари Яҳё Азимов, сарвазири собиқи Тоҷикистон аст. Зафар Азимов соҳиби як ширкати хусусиест, ки ба истеҳсолот, амволи ғайриманқул ва тандурустӣ дар Русия, Тоҷикистон ва Амрико сармоягузорӣ мекунад.

Ба назар мерасад онҳо аз ҳаёти боҳашамат баҳра мебаранд. Дар расмҳое, ки ӯ дар Instagram нашр кардааст, дида мешавад, ки онҳо зуд-зуд ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Фаронса, Утриш, Британиёи Кабир ва Чехия сафар мекунанд. Онҳо ба саволи хабарнигорон барои шарҳи масъала ҷавоб надоданд.

Нофосидтарин вазири тоҷик

Ҳарчанд Азимова метавонад аз тиҷоратҳои шавҳараш баҳра бурда бошад, аммо барои собит кардани сарвати назарраси модараш ҳеҷ далеле нест.
Нозирова ҳамчун соҳибкор дар Кумитаи андози Тоҷикистон ба қад гирифта нашудааст, дар ҳоле ки барои пешбурди хурдтарин тиҷорат дар ин кишвар бақайдгирӣ зарур аст. Бар асоси Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ то соли 2018 ӯ соҳиби ягон ширкате набудааст. Нозирова муддате ба ҳайси роҳбари қасри фарҳангие дар Хуҷанд фаъолият кардааст, аммо маълум нест, ки ӯ кай дар соҳаи тиҷорат фаъолият кардааст.

Дар бораи Нозирова дар расонаҳо хабаре нест, зеро тавре созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) гузориш медиҳад, Тоҷикистон “саркӯби садоҳои мустақил ва интиқодӣ”-ро идома медиҳад. Аммо як корманди ҳукумат, ки замони раиси вилояти Суғд будани Расулзода ба ҳайси масъули дафтари матбуотӣ кор мекард, дар сафҳаи шахсии худ акси сарвазир ва ҳамсарашро нашр кардааст.
Ӯ дар ин мақола, ки соли 2020 бознашр кардааст, дар бораи як сафари Расулзода ва ҳамсараш ба яке аз ноҳияҳои кишоварзии вилояти Суғд барои кумаки деҳқонон навиштааст. “Ман аслан фикр намекардам, ки зани раиси вилоят ба пахтачинӣ меояд ва бо чиниши худ ҳамаро ҳайратзада мекунад. Ӯ мисли мошин пахта мечид”, – нақл кардааст ӯ аз қавли сардори хоҷагии деҳқонӣ.

Таҷрибаи кории Расулзода нишон медиҳад, ки ӯ қабл аз ворид шудан ба сиёсат то соли 2000 ҳамчу коргари оддӣ фаъолият намудааст ва дар корхонаи давлатӣ дар соҳаи сохтмон ва муҳандисӣ кор кардааст. Соли 2000 Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби кишвар таъйин шудааст.

Тавре собиқ корманди дафтари матбуотӣ навиштааст, Расулзода ҳамчун “нофосидтарин вазири тоҷик” шуҳрат пайдо кардааст. Дар васфи оилаи Расулзода мегӯяд, ки ӯ бо “муҳаббати нахустинаш Иқболой” издивоҷ кард ва соҳиби се фарзанд гардиданд.
“Иқболой дар баробари бонуи меҳрубону кадбонуи нотакрор будан завқи баланди зебоиофаринӣ дорад”, – омадааст дар мақола.

Элдиёр Арикбоев (OCCRP), Фирузи Маҳмадалӣ (Azda TV), Муҳаммадҷон Кабиров (Azda TV)

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.

Фишор болои пайвандони узви фаъоли “Гурӯҳи 24”

Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти беш аз як моҳ аз ирсоли Лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи афв" ба Дастгоҳи риёсати ҷумҳрӣ ҳанӯз онро имзо накардааст.

Таъхири Эмомалӣ Раҳмон дар имзои қонуни афв

Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти беш аз як моҳ аз ирсоли Лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи афв" ба Дастгоҳи риёсати ҷумҳрӣ ҳанӯз онро имзо накардааст.

Террори генерали рус дар Маскав

Як генерали 54-солаи рус ҳамроҳи ронандааш дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия дар натиҷаи як таркиш ба ҳалокат расиданд.