Вазорати корҳои дохилии Русия аз коҳиши ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷирони корӣ хабар дод.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк бе овардани омори дақиқе дар шабакаи телеграмиаш гуфта, ки дар семоҳаи аввали соли 2026 шумораи ҷиноятҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия содир шудаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 40 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ба иддаои ӯ, сабабҳои кам шудани ҷинояткорӣ, ин сахттар шудани назорат аз болои муҳоҷирон ва гузарондани бисёр корҳо дар ин соҳа ба шакли электронӣ (рақамӣ) мебошад.
Аз ҷумла, дар минтақаи Маскав як барномаи электронӣ бо номи “Амина” роҳандозӣ шуда, зарурати ҷамъ кардани чандин ҳуҷҷатҳои коғазӣ аз байн рафтааст. Ба гуфтаи ВКД, ин барнома кумак кардааст, ки ҳолатҳои сохтакории ҳуҷҷатҳо дар соҳаи муҳоҷират дар шаҳри Маскав 66,4% ва дар вилояти Маскав 76,5% коҳиш ёбад.
Ҳамчунин дар муқоиса бо оғози соли 2025 ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин — 44,2%, ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир — 64,1 %, ғоратгарӣ ва ҷиноятҳо алайҳи амнияти ҷамъиятӣ — 30 %, куштор ва суиқасд ба куштор — 27,8 % миёни муҳоҷирон кам шудааст, аммо дар айни замон шумораи таҷовуз ба номус ва ҷиноятҳои марбут ба зӯроварии ҷинсӣ коҳиш наёфтааст.
Дар ҳоле мақомоти Русия аз кам шудани сатҳи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон мегӯянд, ки баъзе мақомдорони рус, аз ҷумла раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин сатҳи ҷинояткориро миёни муҳоҷирон хеле бузург нишон медиҳад.
Ӯ иддао карда буд, ки дар соли 2025 шумораи ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон 7 дарсад афзоиш ёфта, ба 41 ҳазору 103 ҳолат расидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон дар баробари тамоми ҷиноятҳое, ки дар Русия содир шудаанд, ночиз буда, танҳо соли 2024 дар тамоми қаламрави ин кишвар беш аз 1,77 миллион ҷиноят содир шуда будааст.
Нашри ин оморҳо ҳам дар ҳолест, ки ВКД Русия хабар дода буд, ки дар соли 2025 барои қонуншиканӣ тақрибан 72 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави кишвараш ихроҷ кардааст ва танҳо дар моҳи марти соли 2026 тақрибан 14 ҳазор муҳоҷирро манъи вуруд ва ихроҷ кардааст.
Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ин нишондиҳандаҳоро бо татбиқи қонуни нав марбут медонад, ки ба мақомоти пулис имкони қабули қарорҳои ихроҷи маъмурии шаҳрвандони хориҷиро бидуни баррасии судӣ медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ба Русия бояд он шаҳрвандони хориҷӣ ворид шаванд, ки қонунҳои кишварро риоя мекунанд, забони русиро медонанд ва ба фарҳанги он эҳтиром мегузоранд.
