Оғози даргириҳои низомӣ байни ИМА ва Эрон: Оё оташбас барҳам хӯрд?

Пас аз оташбас бори дигар танишҳои низомӣ миёни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳида авҷ гирифт.

Ситоди фармондеҳии марказии Иёлоти Муттазидаи Амрико (CENTCOM) субҳи 8-уми июл аз анҷоми ҳамлаҳои густурда ба ҳадафҳои низомӣ дар ҷануби Эрон хабар дод. Мақомоти Теҳрон ин иқдомро “нақзи фоҳиши” тафоҳумномаи миёни ду кишвар арзёбӣ карданд.

Сентком дар баёнияи худ эълон кард, ки нерӯҳои амрикоӣ дар посух ба ҳамла ба се нафткаш дар тангаи Ҳурмуз, бо истифода аз муҳимоти дақиқ ба беш аз 80 ҳадафи низомӣ ҳамла карданд. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар миёни ҳадафҳо системаҳои мудофиаи ҳавоӣ, марказҳои фармондеҳӣ, радарҳои соҳилӣ, мавқеъҳои мушакҳои зиддикиштӣ ва зиёда аз 60 қаиқи тези Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор доштанд. ИМА мегӯяд, ҳадафи амалиёт коҳиш додани тавоноии Эрон барои ҳамла ба киштиҳои тиҷоратӣ дар тангаи Ҳурмуз будааст.

Аз ҷониби дигар, мақомоти Эрон таъкид карданд, ки ҳамлаҳои Амрико ва ҳамзамон бекор шудани имтиёзи муваққатии содироти нафти Эрон, бандҳои асосии тафоҳумномаи миёни Теҳрон ва Вашингтон, аз ҷумла муқаррароти марбут ба таваққуфи амалиёти низомӣ барои 60 рӯзро нақз мекунад. Теҳрон ҳушдор дод, ки ин амалҳо паёмадҳои ҷиддӣ хоҳанд дошт.

Ҳамзамон расонаҳои давлатии Эрон аз шунида шудани таркишҳои пайдарпай дар Бандар-Аббос, ҷазираи Қишм ва ноҳияи Сирик хабар доданд. Ба иттилои манобеи маҳаллӣ, чанд нафар бар асари пораҳои мушак ва таркишҳо захмӣ шуда, ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи Axios ба нақл аз як мақоми амрикоӣ гузориш дод, ки президенти ИМА Доналд Трамп ҳангоми сафараш ба Туркия барои иштирок дар нишасти НАТО, шахсан нақшаи ҳамла ба Эронро тасдиқ ва фармони иҷрои онро содир кардааст. Ба гуфтаи ин мақом, Вашингтон ин амалиётро посух ба он медонад, ки онро «ҳамлаҳои Эрон ба киштиҳои ғайринизомӣ» меномад. Аммо Эрон даст доштани худро дар ҳамла ба се нафткаш рад кардааст.

Ин рӯйдодҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки маросими видоъ ва ба хок супурдани раҳбари пешини Эрон идома дорад ва нигарониҳо аз густариши даргириҳо дар минтақа ва таъсири онҳо ба амнияти тангаи Ҳурмуз ва бозори ҷаҳонии нафт афзоиш ёфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...