Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз қарори Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид барои қатъи баррасии шикоят алайҳи Тоҷикистон интиқод кард. Ин созмон таъкид кардааст, ки “шаффофият ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ошкор кардани нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон зарур аст.”
Ин созмон рӯзи 6-уми июл бо нашри як баёния изҳор дошт, ки дар ҷараёни иҷлосияи кунунии Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ дар Женева, ба таври ғайричашмдошт ҷаласаи пӯшидае дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон баргузор шуд. Ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар, ин ҷаласа дар посух ба шикояте баргузор гардида, ки тибқи яке аз механизмҳои ғайришаффофи Шӯрои Ҳуқуқи Башар дар бораи нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Бо вуҷуди ин, то ҳол ҳеҷ гуна маълумоти расмӣ дар бораи муҳтавои нишаст ва натиҷаҳои он нашр нашудааст, ки ба гуфтаи созмон, чунин ҳолат танҳо ба пинҳон мондани вазъи нигаронкунандаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Дар баёнияи HRW таъкид шудааст, ки Тоҷикистон яке аз саркӯбгартарин кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи нҳоди мазкур, даҳҳо рӯзноманигор, мухолифони сиёсӣ, вакилон ва шахсиятҳои ҷамъиятӣ танҳо барои изҳори назар ё интиқоди сиёсати ҳукумат ба зиндон маҳкум шудаанд. Ҳамчунин садҳо созмони ғайриҳукуматӣ баста шудаанд, намояндагони ақаллиятҳои қавмии помирӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври пайваста таҳти фишор қарор доранд ва ҳукумати Тоҷикистон таъқиби мухолифонро ҳатто берун аз марзҳои кишвар идома медиҳад.
Дидбони Ҳуқуқи Башар махсусан ба рӯйдодҳои моҳи майи соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ишора карда, мегӯяд, ки нерӯҳои амниятӣ алайҳи эътирозгарони осоишта аз нерӯи низомӣ истифода бурда, тақрибан 40 нафарро кушта ва беш аз 200 сокини минтақа дар мурофиаҳои пушти дарҳои баста муҳокима ва ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Дар байни онҳо ҳадди ақал 20 ҳомии ҳуқуқи башар, ҳуқуқшинос ва рӯзноманигори мунтақиди ҳукумат, аз ҷумла рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоева ва ҳуқуқшинос Манучеҳр Холиқназаров низ ҳастанд.
Ба гуфтаи ин созмон, Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ рӯзи 3-юми июл бидуни ҳеҷ гуна муҳокимаи оммавӣ ё нашри натиҷаҳои баррасӣ, парвандаи шикоят алайҳи Тоҷикистонро қатъ кард. Раиси Шӯро танҳо изҳор доштааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба ин шикоят “чораҳо ва уҳдадориҳоеро” пешниҳод кардааст, аммо ҷузъиёти онҳо барои ҷомеа дастрас нест.
Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, пинҳон нигоҳ доштани чунин баррасиҳо яке аз мушкилоти асосии ин низоми шикоят баррасӣ мебошад. Гарчанде ҳамасола ҳазорҳо шикоят ба ин механизм пешниҳод мешаванд, маълумоти хеле кам дар бораи ҷараён ва натиҷаи онҳо дастраси омма мегардад. Ба боварии ин созмон, баррасиҳои пушти дарҳои баста дар бораи кишварҳои саркӯбгар, дар ҳоле ки қурбониён аз ҳаққи иштирок ва пешниҳоди шаҳодати худ маҳруманд, наметавонад ба беҳбуди воқеии вазъи ҳуқуқи башар мусоидат кунад.
Дар поёни баёния, Дидбони Ҳуқуқи Башар аз аъзои Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ даъват кардааст, ки ҷаласаи оммавиро бо иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нозирони мустақили ҳуқуқи башар баргузор намоянд, то иҷрои “чораҳо ва уҳдадориҳо”-и эълонкардаи ҳукумати Тоҷикистон ба таври шаффоф пайгирӣ шавад. HRW такид мекунад, ки дар Тоҷикистон, мисли дигар кишварҳо, танҳо шаффофият ва иштироки воқеии ҷомеа метавонад барои муқобила бо нақзҳои ҷиддии ҳуқуқи башар натиҷаи муассир диҳад.
