10.9 C
Dushanbe

Шарифҷон бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Русия зиндонӣ шуд

Додгоҳи вилояти Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Шарифҷон Тиллозодаро бо иттиҳоми ҷосусӣ барои 14 сол равонаи зиндон кард.

Мурофиаи додгоҳии Шарифҷони 33-сола пушти дарҳои баста баргузор шуда, ҷузъиёти парванда ифшо нашудааст. Инчунин назари ӯ ва адвокату наздиконаш дар ин бора дастраси расонаҳо нагаштааст.

Ёдовар мешавем, мақомоти Русия ин муҳоҷири тоҷикро дар моҳи сентябри соли 2023 бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Украина дастгир карда буданд.

Шарифҷон Тиллозода, ки зодаи шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон аст, дар ҳудуди як қисми низомии баста боздошт шуда буд. Кормандони ин қисми низомӣ мегӯянд, дар аввал гумон карданд, ки ӯ мардикор асту роҳашро гум кардааст, вале, ба иддаои онҳо, баъдан маълум шудааст, ки “ӯ акс гирифта, ба кураторҳои худ ба хориҷ мефиристодааст”.

Маълум нест ӯ чӣ гуна тавонистааст, ки вориди як қисми низомии баста шавад, дар ҳоле, ки шаҳрвандонӣ хориҷӣ бе иҷозаи ФСБ ба чунин қисмҳои низомӣ ворид шуда наметавонад.

10-уми октябри соли 2023 додгоҳи ноҳияи Лефортово дар мурофиае, ки пушти дарҳои баста ӯро бар асоси моддаи 275 Кодекси ҷиноятии Русия ба ҷосусӣ айбдор намуда, ба муддати ду моҳ, яъне то 10 декабри соли ҷорӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта буд, аммо то имрӯз аз сарнавишти ӯ чизе гуфта намешуд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам то ин дам дар бораи боздошту зиндонӣ шудани ин шаҳрвандаш чизе нагуфтааст.

Гуфта мешавад, Шарифҷон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд, бештар аз худаш аксу видео мегузошт ва борҳо бо шиорҳои тарафдори аз Русия ва Путин дар саҳфаи фейсбукиаш акс нашр карда буд.

Пас аз ҷанги Русия ва Украина шумори нафароне, ки бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва ҷосусӣ дар Русия боздошт мешаванд бештар шудааст.

Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2024 52 нафар бо иттиҳоми хиёнат ба давлат дар Русия зиндонӣ шудаанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 3,5 маротиба бештар аст. Инчунин дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 18 нафар бо иттиҳоми ҷосусӣ маҳкум ба зиндон шудаанд, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 2 нафар бо ин иттиҳом дастгир шуда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду зан бо гумони ҷинояти ғайриахлоқӣ дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду зан бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.

Тоҷикистон дар раддаи кишварҳои ғайриозод боқӣ монд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон "Freedom House" имсол ҳам Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои "ғайриозод" шомил кард.

Боздошти афсари ВКД бо гумони куштани як ҷавон дар Ванҷ

Як афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ Саломатшо Ғалчаевро бо истифода аз туфангча куштааст.

Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумакҳои башардӯстона фиристод

Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми зарардидаи Эрон аз ҷанг кумакҳои башардӯстона фиристод. Дар ин бора 18-уми марти соли ҷорӣ сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар додааст.