Шаш қурбонӣ дар таркиши нуқтаи фурӯши газ дар Узбекистон

Бар асари таркиш дар як нуқтаи фурӯши гази моеъ дар ноҳияи Қаршии вилояти Қашқадарёи Узбекистон 6 нафар ҷон бохта, 5 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон, ҳодиса рӯзи 8-уми июн рух додааст. Хабар дар бораи таркиш соати 13:50 ба мақомоти наҷотрасон ворид шуда, гурӯҳҳои оташнишонӣ ва наҷотбахшон фавран ба ҷойи ҳодиса эъзом шудаанд.

Мақомот мегӯянд, сӯхтор дар муддати кӯтоҳ маҳдуд ва баъдан пурра хомӯш карда шуд. Дар натиҷаи таркиш ва оташсӯзӣ чанд иншоот ва воситаи нақлиёт осеб дидаанд. Аз ҷумла, ду мошини интиқоли газ ва ду зарфи зеризаминии нигоҳдории сӯзишворӣ зарар дидаанд.

Ба гуфтаи масъулон, панҷ нафари маҷруҳ барои дарёфти кумаки тиббӣ ба беморхона интиқол дода шудаанд. Вазъи саломатии онҳо таҳти назорати табибон қарор дорад.

Пас аз ин ҳодиса президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дастур додааст, ки комиссияи махсуси ҳукуматӣ барои таҳқиқи сабабҳои фоҷиа таъсис дода шавад. Ин комиссия таҳти роҳбарии муовини сарвазир фаъолият карда, вазифадор шудааст сабабҳои ҳодисаро муайян намуда, ба осебдидагон ва наздикони қурбониён кумаки зарурӣ расонад.

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, таҳқиқи ҳодиса идома дошта, барои пешгирии чунин фоҷиаҳо дар оянда чораҳои иловагӣ андешида хоҳанд шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.