26.9 C
Dushanbe

Шиддат гирифтани танишҳои сиёсӣ байни Озарбойҷону Эрон

Таншиҳои сиёсӣ-дипломатии Озарбойҷону Эрон дар ин чанд рӯзи ахир шиддат гирифтааст. То онҷо ки Боку чанд дипломати эрониро муҳлат дода, то зарфи 48 соат хоки ин кишварро тарк кунанд.

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Боку 6-уми апрели соли ҷорӣ ба Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон эҳзор ва “нигаронии шадид”-и мақомоти ин кишвар ба ӯ расонида шудаст. Ҳамзамон мақомоти Озарбойҷон чор корманди дипломатии Эронро “унсурҳои номатлуб” хонда, аз кишвараш ихроҷ кард.

Вазорати корҳои хориҷаи Озарбойҷон бо нашри изҳороте гуфт, ки ин чор корманд ва дипломати сафорати Эрон ба далели фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ва мухолиф бо “вазифаи дипломатӣ” ва инчунин тибқи Конвенсияи Вена дар бораи назорати равобити дипломатӣ миёни кишварҳо “унсурҳои номатлуб” шинохта шуда, барояшон 48 соат муҳлат дода шудааст, ки аз қаламрави ин кишвар хориҷ бишаванд.

Расонаҳои Озарбойҷон ҳамчунин хабар медиҳанд, ки бо ихроҷи дипломатҳо мақомоти амниятии ин кишвар 6 нафари дигарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Эрон боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин 6 тан бо иттиҳоми таъсиси гурӯҳи махсус ва даст задан ба амалиёти мусаллаҳона “қасди ташкили ҳукумати исломӣ дар Озарбойҷонро доштаанд.”

Ба гузориши расонаҳо, мақомҳои давлатии Озарбойҷон иддао доранд, ки нафарони боздоштшуда бо сафорати Эрон дар Боку робита доштаанд.

Танишҳо байни ин ду кишвар пас аз ҳамлаи мусаллаҳона ба сафорати Озарбойҷон дар Теҳрон дар охири моҳи январи шиддат гирифт. Чанд ҳафтае пеш сафири Эрон дар Боку низ дар эътироз ба вуруди як ҷангадаи эронӣ ба қаламрави Озарбойҷон ба Вазорати хориҷаи ин кишвар эҳзор шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазорат латтукӯби бераҳмонаи сарбозро рад кард, аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари бераҳмона латтукӯб шудани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддинро аз ҷониби ҳамхизматонаш беасос номид. 

Истеъфои сармуррабии футбол

Сармураббии дастаи пуровазадори "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода аз мақомаш истеъфо дод.

Ҳалокати як ҷавони тоҷик бар асри раъду барқ

Бар асри боришоти зиёди жола ва зарби раъду барқ дар бархе манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон як нафар ба ҳалок расидааст.

Мақомоти тоҷик аз боздоштҳои муҳоҷирон ба сафири Русия гила карданд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо сафири Русия аз боздоштҳои оммавии муҳоҷирон, ки тавассути мақомоти рус анҷом дода мешавад, изҳори нигоронӣ кардааст.