36.9 C
Dushanbe

Шикояти кормандони давлатии ВМКБ аз Алишер Мирзонаботов

Чанеде аз кормандони давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба расонаи “Pamir Daily News” аз раиси ин вилоят Алишер Мирзонаботов шикоят доранд.

Ба иддаои кормандони давлатӣ бо омадани Алишер Мирзонаботов кор барои онҳо рӯз аз рӯз тоқатфарсо мегардад, зеро онҳо маҷбуранд ба корҳое машғул шаванд, ки дар салоҳияташон нест.

“Ба ифтихори ҷашни Наврӯз роҳбарияти вилоят тамоми раёсат ва шуъбаҳои ҳукумати вилоятро маҷбур мекунанд, ки асбобу анҷоми рӯзгор (Мошинҳои ҷомашӯӣ, телевизорҳо, компютерҳо ва ғайра) харидорӣ кунанд. Онҳо мехоҳанд таҷҳизотро дар мусобиқаи гуштии миллӣ, ки маъмурияти ВМКБ баргузор мекунад, ҳамчун туҳфа гузоранд.”- мегӯяд манбаи Pamir Daily News.

Ин кормандон аз он шикоят доранд, ки рӯзгори худро базӯр таъмин карда истодаанд ва маҷбуранд болои ин барои хариди фармудаҳои мақомот аз бонкҳо қарз гиранд.

Онҳо мегӯянд: “Ҳатто бештари кормандони давлатӣ дар Бадахшон дар бораи он фикр мекунанд, ки чӣ гуна ариза навишта, аз кор хориҷ шаванд, аммо ҳоло буҳрон ҳатто дар Русия вуҷуд дорад ва мардум роҳи раҳоӣ надоранд.”

Ба иддаои манобеъ, ин ягона мушкил дар вилоят нест. Ба ғайр аз ин раҳбарияти Бадахшон барои пур кардани артиши кишвар кормандони ҳукуматро маҷбур доранд, ки ҷавонони синни даъватро пайдо карда ба артиш ҷалб кунанд.

Ҳамчунин онҳо аз он шикоят кардаанд, ки “Дар ин моҳҳо мақомот моро маҷбур сохтанд, ки паёмҳои видеоии аблаҳона сабт кунем, моро дар назди мардум шарманда карданд.”

Ҳамсӯҳбатони Pamir Daily News мегӯянд, бо омадани Мирзонаботов ба вазифаи раиси вилоят барномаҳое роҳандозӣ шуда, ки то ҳол дар минтақа чунин набудаст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар

Маросими имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар бо ҳузури сарони ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Идомаи боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия субҳи имрӯз, 8-уми июн беш аз 27 муҳоҷири тоҷикро аз сохтмоне дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурдаанд. 

Сафари Додситони кулли Эрон ба Тоҷикистон

Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раъси як ҳайати боломақоми кишвар вориди Тоҷикистон шудааст.