26.9 C
Dushanbe

Шикояти ронандагон аз БДА ва “Шаҳри бехатар” дар Душанбе

Чанде аз ронандагони мошинҳо дар Душанбе аз беҳуда ҷариманбандии кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ шикоят карданд. Ба гуфтаи онҳо, кормандони ин ниҳод бо далелҳои сохта ронандагонро ҷаримабандии зиёд мекунанд, ки ин амал мушкилоти иқтисодияшонро боз ҳам вазнинтар кардааст.

Як ронанда ба шарти зикр нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт, “як моҳ мешавад, ки кормандони БДА ронандагонро ба ҳар баҳона боз медоранд. Ҳар мошинеро, ки бозмедоранд мегӯянд, аз боло, яъне аз “Шаҳри бехатар” фармон омадааст, ки ӯро боздоред, чун ҷаримаи носупурда дорад. Бо чунин шева мошинро ба таваққуфгоҳ мебаранд ва ё ҳуҷҷату асноди онро мегиранд, то ҷаримаро пардохт карда расидро нишон надиҳӣ ҳуҷҷат ва мошинро намедиҳанд”.

Ба гуфтаи манбаи мо, далелҳое, ки барои ҷарима кардан аз ҷониби БДА пешниҳод мекунанд, асоси воқеӣ надоранд ва аксарашон сохта ва бофтаи худашон аст.

Ҷаримаҳо қариб ҳамааш яксон аст, пахш кардани хати паҳлу ва гузаштани чароғаки сурх. Вақте аз онҳо далел пурсидам, ки дар куҷо чароғакро сурх гузаштаам, вақте наворро нишон доданд, дар ҳолати сабз будани чароғаки иловагӣ гузаштаам, вале онҳо иддао мекунанд, ки гӯё ман чароғакро сурх гузашта ва хати паҳлуро пахш мекардаам. Ба онҳо гуфтам, ки аз болои шумо ба додгоҳ муроҷиат мекунам, дар ҷавоб гуфт, ба куҷое муроҷиат мекунед ҳаққи шаҳрвандии шумост, вале худро беҳуда ташвиш надиҳед, ин амр аз болост гапи Шумо ба ҳеч куҷо намегузарад”, – мегӯяд як ронанда, ки нахост номаш зикр шавад.

Ба гуфтаи ин ронандагон маблағи ҷарима аз якуним ҳазор то се ҳазор сомонӣ будааст. Мардум агарчи ҷойи кор надоранду шароит вазнин аст, бо вуҷуди ин маҷбуранд ин ҷаримаҳоро пардохт кунанд.

Бо баҳонаҳои сохта ҷарима бастану порагирии кормандони БДА яке аз масъалаҳои доғ дар Тоҷикистон боқӣ мондааст. Ба гуфтаи коршиносон, ин навъи бархурд бо мардум натанҳо дар БДА, балки қариб дар тамоми соҳаҳо ба чашм мехӯрад.

Шояд ин ҳама ба он рабт дорад, ки пас аз хуруҷи каронавирус ва баста гардидани марзҳо интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон кам гашт, иқтисоди кишвар рукуд кард ва сафи бекорон афзуд, ин ҳама бетаъсир намемонад. Ва шояд барои пур кардани буҷаи кишвар чунин дастуроте ҳам бошад ва ё ин ки кормандони соҳаҳо аз фурсат истифода бурдаистодаанд.

Бино ба гуфтаи баъзе манобеъ маблағи “Шаҳри бехатар” ба ширкати “Фароз” тааллуқ дорад. Ин ширкат бо насби камераҳои назоратӣ дар шаҳри Душанбе даромади онро низ ба худ мансуб кард ҳамчуноне, ки фурӯши шаҳодатномаҳои ронадагиро зери даст дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди Авруосиё

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки ба ҳайси меҳмон даъват шуда буд, иштирок ва суханронӣ кард.

ВКД-и Тоҷикистон хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён шуд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ирсоли барқияе аз мақомоти Русия хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён ва "рейд"-и муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Вазорат латтукӯби бераҳмонаи сарбозро рад кард, аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари бераҳмона латтукӯб шудани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддинро аз ҷониби ҳамхизматонаш беасос номид. 

Истеъфои сармуррабии футбол

Сармураббии дастаи пуровазадори "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода аз мақомаш истеъфо дод.