33.9 C
Dushanbe

Шикояти сокин: Ҳатто беморхона барқ надорад, ки табибон амали ҷарроҳӣ кунанд (САДО)

Беморхонаи № 2-и шаҳраки Пахтаободи ш.Турсунзода

Як сокини шаҳри Турсунзода аз набудани қувваи барқ, на танҳо дар хонаҳояшон, балки дар беморхонаи ноҳия хабар дод.

Ин сокини Турсунзода дар сӯҳбати телефонӣ ба “Аздор ТВ” гӯфт, беморхонаи рақами 2-и шаҳраки Пахтаободи Шаҳри Турсунзода бебарқ мондааст. Ӯ мегӯяд, ин амр барои ҷароҳӣ кардани беморон, ки ба ҷароҳати саривақтӣ ниёз доранд, мушкил эҷод кардааст.

Ба гуфтаи масъулони беморхонаи рақами №2 шаҳраки Пахтаободи шаҳри Турсунзода, беморхонаи мазкур яке аз муассисаҳои тибии дорои таҷҳизоти ҳозиразамон буда, 120 ҷои хоб барои муолиҷаи беморон дорад.

Дар ин беморхона 6 шӯъбаи бистарӣ ва 3 шӯъбаи ёрирасон мавҷуд буда дар он 254 нафар корманд фаъолият мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.