Шикояти сокинон аз сифати гӯшт ва рафтори баъзе гӯштфурӯшон

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе аз сифати гӯшти ба фурӯш гузошташуда ва муносибати баъзе гӯштфурӯшон ҳангоми хариду фурӯш изҳори норозигӣ мекунанд.

Дар як навори видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, як шаҳрванд аз сифати гӯшти харидааш шикоят карда, мегӯяд, ки фурӯшанда гӯшти интихобкардаи ӯро надодааст. Ӯ аз мақомоти масъул хостааст, ки фаъолияти гӯштфурӯшонро бештар назорат кунанд, то ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳифз гардад.

Дар зери ин навор дигар шаҳрвандон низ аз таҷрибаҳои монанди худ ҳангоми хариди гӯшти гов навишта, аз рафтори баъзе гӯштфурӯшон интиқод кардаанд. Бархе аз корбарон чунин амалҳоро “беинсофона” арзёбӣ намуда, гуфтаанд, ки баъзан ба харидорон гӯшти дорои устухони зиёд, чарбии аз ҳад зиёд ё гӯшти сифати паст пешниҳод мешавад.

Сокинон бар ин назаранд, ки барои таъмини шаффофият дар бозор ва баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ, назорати бештар аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор зарур аст.

Гӯшт аз ҷумлаи маҳсулоти гаронарзиш дар кишвар ба ҳисоб меравад ва ба гуфтаи баъзе шаҳрвандон, на ҳама оилаҳо имкони хариди онро доранд. Дар солҳои гузашта мақомоти назоратӣ аз ошкор шудани ҳолатҳои гаронфурӯшӣ дар бозорҳо хабар дода, нисбат ба баъзе фурӯшандагон чораҳои қонунӣ андешида буданд.

Дар ҳамин ҳол, баъзе соҳибкорон ва коршиносони соҳа сабабҳои болоравии нархи гӯштро ба кам шудани саршумори чорво, афзоиши арзиши хӯроки чорво ва дигар хароҷоти вобаста ба парвариши он марбут медонанд.

Ҳамзамон баъзе харидорон мегӯянд, ки дар бозорҳои кишвар миқдори зиёди гӯшти воридотӣ низ ба назар мерасад. Ба гуфтаи онҳо, аксар вақт барои муштариён муайян кардани пайдоиш ва сифати дақиқи гӯшт кори осон нест. Аз ин рӯ, онҳо зарурати назорати беҳтар ва пешниҳоди маълумоти равшан дар бораи манбаи маҳсулотро таъкид мекунанд.

Сокинон аз мақомоти масъул даъват мекунанд, ки барои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва таъмини риояи қоидаҳои савдо дар бозорҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.