Шикояти зани маъюб: Хонаамро гирфтанд ва худамро террорист эълон карданд

Холматова Гулчеҳра, модари маъюби 58-солаи тоҷик иддао дорад, ки мақомоти додситонии кишвар ба ноҳақ зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро дар ҷустҷӯ қарор додаанд.

Гулчеҳра дар тамос ба Azda tv гуфт, ки мушкили онҳо аз замоне оғоз шуд, ки ӯ моҳи июни соли 2013 ҳамроҳи модараш Абдулфаттоева Муҳаббатхон тасмим гирифтанд хонаи истиқоматии худро, ки дар кӯчаи Сино 41, хонаи 113 ошёнаи 16-ум будааст, ба хотири машаққати баромадан ва набудани об бифурӯшанд ва аз ошёнаҳои поёнтар хона бихаранд. Зеро ӯ маъюб аст ва чун лифт ҳам кор намекунад, об ҳам то боло намеравад, ҳар дам баромадан ва то 16-ум ошёна об баровардан барояш хеле сахт аст.

Вақте хостем хонаро фурӯшем, ба ширкати сохтмонии ҶДММ “Самад-2012” (ҳоло ин ширкат бо номи “Кафолат-КА” фаъолият мекунад) муроҷиат кардем, раҳбари он Холов Анвар Бегиҷонович бо мо шартнома баст, ки хонаи моро мегирад ва дар иваз бо нархи 38 шазор доллар аз маҳаллаи Зафаршон-2, кӯчаи Нусратулло Махсум 10, хонаи 26, ҳуҷраи 19 хона медиҳад. Ва тибқи шартнома мебоист хона дар давоми ду сол бунёд шуда, калид ба мо супурда мешуд. Вале аз ин ҳодиса беш аз 13 сол мегузарад ва то ҳол мо на хонаро ба даст овардам ва на ҳамаи пулро.“, мегӯяд Гулчеҳра.

Ин зани маъюб ҳамчунин афзуд, ки пас аз оғози кашмакашҳои додгоҳӣ байни онҳо ва Холов Анвар, дар ин миён Анвар ду рафиқи худ, Абдулҳаким Шафиев ва Оятулло Истматуллоев, ки кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино 1 ҳастанд, дар миён дароварда, хостанд худи занро гунаҳкор бароранд ва Холов Анварро аз ин мушкилот наҷот диҳанд.

Хонум Гулчеҳра мегӯяд: “Пас аз муроҷиати ману модарам ба пулис, Холов дастгир шуд, вале мақомоти пракуратураи шаҳри Душанбе, аз ҷумла Исматов Ҷӯрабек, Раҳматов Фарҳод ӯро аз боздоштгоҳи ноҳияи Шоҳмансур гурезонданд.

Бар асоси нақли ин хонум, ба ҷойи кумак ба ҷабрдидагон, мақомот аз Гулчеҳра ва модараш талаб карданд, ки аз даъвои худ даст кашанд. Ҳатто онҳоро бо силоҳ ва куштан таҳдид кардаанд, ки ҳам даъвояшонро бозпас бигиранд ва ҳам кишварро тарк кунанд. Кор то ҷое расида, ки ба иддаои ин зан, мақомоти додситонӣ зидди ӯ бо моддаҳои 307 ва 189 парвандаи ҷиноӣ боз карда, дар ҳамкорӣ бо ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” муттаҳам карда ва худи Холматова Гулчеҳарора дар пайгарди расмӣ қарор доданд. Ӯ пеш аз дар ҷустуҷӯ қарор гирифтан ба Русия рафтааст.

Ин зани маъюб дар парванда боз шудан бар зиддаш кормандони пулиси ноҳияи Сино 1, Абдулҳаким Шафиев ва Оятулло Исматуллоевро гунаҳкор медонад. Ӯ иддао мекунад, ки ин ду кормандони пулис барои тарсониданаш, ки аз даъвояш даст кашад ва ба кишвар баргардад, ҳатто духтараш Фотимаро таҷовуз кардаанд.

Ин ду корманди милиса аввал духтарамро дуздиданд ва таҳдид карданд, ки ё духтаратро ба Сурия мефиристем ва ё зиндонаш мекунем. Шафиев Абдулҳаким ва Исматуллоев Оятуллоҳ духтарамро таҷовуз карданд ва баъд бурда зиндонаш карданд.“, мегӯяд ин зани маъюб.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки “Моҳи майи соли 2024 духтарам Фотимаро бо иттиҳоми навиштани шарҳ ва гузоштани лайк зер навиштаҳои “Гурӯҳи 24” барои 5 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Дар ҳоле ки на ман ва на ӯ умуман Инстаграм ва дигар шабкаҳоро истифода намебурдем. Пас аз зиндон шудан вақте модарам барои дидани ӯ рафт, Фотима ҳамро нақл кард, ки дар боздоштгоҳ бо ӯ ин ду пулис чӣ корҳо кардаанд.

Гулчеҳра мегӯяд, ҳатто моҳи марти соли 2022 бо даъват ва тавсияҳои Шафиев ба Додситони кулли кишвар номаи изҳори пушаймонӣ навиштам ва аз кори накардаам бахшиш пурсидам, вале боз ҳам онҳо даст аз сари ману фарзандонам набардоштанд.

Ӯ мегӯяд, ҳоло дар Русия зиндагӣ мекунад, танҳо ду духтари дугоник ва як модар дорад, ки солҳо дар бемористон кор кардааст. Ба иддаояш, ҳатто ӯро пулиси Русия низ ба хотири дар ҷустуҷӯ будан боздошт карда, вале боз раҳо кардааст. Иддаои ягонаи ӯ ин аст, ки қиссаи ӯ ба гӯши мақомоти баландпояи кишвар бирасад ва ба доди ӯ ва фарзандоша бирасанд.

Azda tv назари ҷониби дигарро надорад ва наметавонад мустақилона даъвоҳои зикршударо тасдиқ ва ё рад кунад. Вале омодааст дар сурати вокуниши ҷониби дигари қазия онро низ нашр кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аврупо бар зидди муҳоҷирон сахтгиртар мешавад

Парлумони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 17-уми июн қонуни наверо тасвиб кард, ки тағйироти сахтгиронатаре дар сиёсати муҳоҷиратии ин иттиҳод дар солҳои охир ба ҳисоб меравад.

Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит аз шиканҷа шудани ӯ дар зиндон хабар медиҳанд

Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит, зиндонии сиёсӣ ва собиқ муовини раиси НИТ аз вазъ ва шароити нигаҳдории ӯ дар зиндон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Трамп ва Пизишкиён тафоҳумномаи миёни ИМА ва Эронро имзо карданд

Президенти Амрико Доналд Трамп ва президенти Эрон Масъуд Пизишкиён тафоҳумномаи миёни ду кишварро имзо кардаанд.

Амрико ва Эрон дар остонаи имзои созишнома 14-бандӣ

Қарор аст Амриок ва Эрон 19-уми июни соли ҷорӣ дар Швейтсария як ёддошти тафоҳуми 14-бандиро имзо кунанд.